СОМОН МАҲМАДБЕКОВ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар Хорватия соҳиби медали биринҷӣ шуд

Октябрь 20, 2017 10:49

ДУШАНБЕ, 20.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони  ҷавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Загреби Ҷумҳурии Хорватия ҷараён дорад, дар вазни -66 кг сазовори медали биринҷӣ шуд.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Сомон дар даври аввали марҳилаи муқаддамотӣ озод буд. Ӯ дар даври дуюм Ҷаслен Сайни ҳиндустонӣ, баъдан Исмоил Иброҳимовро аз   Озарбойҷон мағлуб карда, аз варзишгари Бразилия Даниел Каргнин, ки ғолиби ин вазн шуд, шикаст хӯрд. Сомон муборизаро барои медали биринҷӣ идома дода, варзишгари испанӣ Салвадор Касес ва намояндаи Озарбойҷон Ёқуб Ҷаводовро мағлуб карда, ҷои сеюмро соҳиб шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҷумҳурии моро дар ин мусобиқа 10 нафар варзишгар намояндагӣ мекунанд. Дар рӯзи аввал Суҳроб Боқиев дар вазни -60 кг ба майдон баромад. Ӯ бар Катз Ҷошуа аз Австралия ва Ҷорре Верстраген аз Белгия пирӯз шуда, дар даври сеюм аз варзишгари Озарбойҷон Аҳмад Юсуфов мағлуб гардид ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуд. Дар вазни -66 кг варзишгари дигари мо Муҳаммадкарим Сарахонов гӯштин гирифт. Ӯ баъд аз ду ғалаба бар Кристос Скоромоуниси кипрӣ  ва Бадер Алмазайдаи урдунӣ,  дар даври сеюм аз намояндаи ӯзбекистонӣ Артём Штурбабин, ки медали нуқра ба даст овард, шикаст хӯрд.

Ду варзишгари мо дар вазни -73 кг Эраҷ Абдуллоев ва Хайёмиддин Ҷабборов низ аз медалҳо бенасиб монданд.

Имрӯз ва фардо рақобатҳо дар 4 вазн идома меёбанд. Дар вазни -81 кг Ҷаҳонгир Маҷидов бо Алекс Ривет аз Зеландияи Нав рақобат мекунад. Дар ин вазн Раҳматуллобек Фарҳодов низ гӯштин мегирад. Ӯ дар даври аввал озод аст. Ҳарифаш дар даври дуюм ғолиби ҷуфти Ҷеспер Слини  нидерландӣ  – Сергей Кривчали  украинӣ мебошад.

Варзишгари дигари мо Муртазо Аминов дар вазни -90 кг бо Никола Микависа  аз Босния ва Ҳерсоговина  рақобат мекунад.

Дар вазни -100 кг ду варзишгари мо бо ду варзишгари Полша гӯштин мегиранд: Шакармамад Мирмамадов бо Каспер Сизуровски ва Темур Раҳимов бо Доминик Мазовски.

Хотиррасон менамоем, ки  дар чемпионат 590 варзишгар (346 мард, 244 бону) аз 83 давлати дунё иштирок доранд.

 

Октябрь 20, 2017 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад