Суғд: ноҳияи Зафаробод аввалин шуда, нақшаи даъвати тирамоҳии наваскаронро иҷро намуд
ХУҶАНД, 06.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз аввали моҳи октябр тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар вилояти Суғд маъракаи даъвати тирамоҳӣ оғоз ёфт.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар рӯзи аввали даъват миёни 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ноҳияи Зафаробод аввалин шуда, даъвати тирамоҳиро пурра иҷро намуд.
Дар маросими тантанавие, ки дар тарабхонаи «Баҳор»- и маркази ноҳияи Зафаробод доир гардид, 90 нафар наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.
Ҳамчунин ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон ва шаҳри Истиқлол дар ин самт пешсаф буда, нақшаи даъватро беш аз 80 фоиз иҷро намудаанд.
7 октябр дар шаҳри Хуҷанд маросими гусели аввалин наваскарони вилоят ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст.
Ба иттилои Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд, имсол дар маъракаи даъвати тирамоҳӣ қариб дуюним ҳазор нафар ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда мешаванд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






