ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 11 октябр, чоршанбе, 284-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 81 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Октябрь 11, 2017 08:15

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шаҳлои Садриддин варақ мезанад:

 

11 октябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиасғар Шеърдӯстро бинобар анҷом ёфтани муҳлати сафириаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯз, 11 октябри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба амалиёт Ян Фишер мулоқот намуда буданд.

***

13 сол қабл, 11 октябри соли 2004 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Люксембург созишномаи ҳамдастӣ ва ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба имзо расониданд.

11 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии духтаракон.

.***

Рӯзи кашфи Гавая.

***

Дар Абхазия рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.

***

Дар Македония- рӯзи шӯриш.

РӮЙДОДҲО:

11 октябри соли 1949 дар нишасти 3-юми Созмони умумиҷаҳонии ташкилотҳои тиббӣ аввалин кодекси байналхалқии ахлоқи тиббӣ қабул гардид.

***

Дар ин рӯз, 11 октябри соли 2015 дар театр-студияи «Падида» нахустин намоиши расмҳо дар мавзӯи «Ман оилаи худро дӯст медорам» бахшида ба 70- солагии ЮНЕСКО ва Соли  оила дар Тоҷикистон баргузор гардид.

 ***

11 октябри соли 1852 дар Австралия якумин донишгоҳ-Донишгоҳи Сидней ба кори худ оғоз намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1891 дар Стокголм аввалин осорхонаи этнографии «Скансен» дар фазои кушод боз шудааст.

***

11 октябри соли 1737 аз сабаби заминҷунбӣ дар Калкутта тақрибан 300 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

***

86 сол муқаддам, 11 октябри соли 1931 дар СССР оид ба пурра барҳам додани савдои хусусӣ қарор қабул карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 1881 сокини Иёлоти Дакотаи Шимолӣ (ИМА) Дэвид Хюстон барои плёнкаи аксӣ шаҳодатнома ба даст овард.

***

Соли 1984 нахустин бор зани амрикоӣ Кэтрин Салливэн (парвози STS-41G дар киштии  кайҳонии «Челленджер») ба фазои кайҳони кушод парвоз анҷом додааст.

Октябрь 11, 2017 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, панҷшанбе, 331-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 ноябр, чоршанбе, 330-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 ноябр, сешанбе, 329-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 ноябр, душанбе, 328-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 ноябр, якшанбе, 327-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, шанбе, 326-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, ҷумъа, 325-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, панҷшанбе, 324-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, чоршанбе, 323-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, сешанбе, 322-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, душанбе, 321-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, якшанбе, 320-умин рӯзи соли 2025 аст