Тавсеаи ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистону Туркманистон дар Ашқобод баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 26.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон дар соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш дар Ашқобод зимни мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода бо муовини раиси Девони вазирони Туркманистон Сапардудӣ Толиев дар Ашқобод баррасӣ гардиданд.
Инчунин Фаррух Шарифзода дар Ашқобод бо Мақсат Бабаев, муовини дигари раиси Девони Вазирони Туркманистон вохӯрӣ анҷом дод. Дар мулоқот мусоҳибон омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкории судманд дар бахшҳои энергетика, нафту газ, аз ҷумла таъмини маҳсулоти нафтӣ, кокс, гази табиӣ ва моеъ, ҷустуҷӯи конҳо ва истихроҷу коркарди онҳо, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҷудо намудани бурсияҳо барои таҳсилоти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии нафту гази Туркманистон иброз доштанд.
Аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳамзамон Сафири Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода бо Вазири маорифи Туркманистон Пурлӣ Агамирадов мулоқот карда, дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистонро дар бахши илму маориф матраҳ намуданд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






