«ТИЛЛОИ САФЕД» — БА ВАТАН! Нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта дар ҷумҳурӣ иҷро гардид
ДУШАНБЕ, 27.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар пахтазори ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пахта бомаром идома дошта, кишоварзони ҷумҳурӣ баҳри беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили ба даст овардаашон аз тамоми воситаю имкониятҳо самаранок истифода менамоянд.
Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз аввали мавсим то имрӯз дар ҷумҳурӣ 356 ҳазору 107 (100,7%) тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 119 ҳазор тонна зиёд мебошад. Нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта то 23 октябри соли равон дар вилояти Суғд 102,4%, вилояти Хатлон 100% ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 102,4% иҷро гардид.
Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар ҷумҳурӣ иҷрои нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро шаҳри Турсунзода 117,9%, Шаҳринав 116,8%, Данғара 116,6%, Ашт 114,9%, Ҷаббор Расулов 114,8%, Спитамен 112,3%, Рӯдакӣ 111,4%, Фархор 110,1%, Конибодом 109,9%, Сарбанд 109%, Бобоҷон Ғафуров 109%, Қурғонтеппа 108,7%, Зафаробод 106,4%, Ёвон 105,8%, Бохтар 105,4%, Дустӣ 104,7%, Хуросон 104,4%, Вахш 104,3%, Абдураҳмони Ҷомӣ 102,2%, Ҳамадонӣ 102,2 ва Кӯлоб 100,% иҷро намудаанд, ки аз фаровонҳосилӣ ва самараи кори хуби кишоварзони ҷумҳурӣ дарак медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад






