«Тоҷик аз сеҳри каломаш гашт машҳури ҷаҳон», «Фалак зиндагии мардум буд…» — шарҳи матбуот

Октябрь 12, 2017 10:22

ДУШАНБЕ, 12.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» (10.10.2017, №120) оид ба ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон хабари муфассал нашр карда, иттилоъ додааст, ки дар ҷаласаи мазкур масъалаҳо «Оид ба мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ», «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он», «Дар бораи маориф», «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» мавриди баррасӣ ва шарҳу эзоҳ қарор гирифта, нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдори Шӯрои Маҷлиси намояндагон қабул гардиданд. Ҳамчунин намояндагони мардумӣ дар бораи даъват намудани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ва рӯзномаи Иҷлосияи мазкур қарор қабул карданд.

Нашрияи парлумонӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии почта оид ба фаъолияти КВД «Почтаи Тоҷик» дар давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ таҳти сарлавҳаи «Почтаи Тоҷик дар хизмати Шумо» мақолаи А.Муродовро нашр кардааст. «Ҳоло дар ҷумҳурӣ 466 шуъбаи алоқа ба мардум хизмат мерасонанд. Вазифаи асосии кормандони онҳо аз қабул, коркард, фиристодан ва дастрас намудани мактубҳо (одӣ, фармоишӣ, арзишнок), бастаҳо, кортҳои почтавӣ, равонакҳо, қабули обуна ва дастрас намудани матбуоти даврӣ, қабул ва пардохти ирсолпулиҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, хизматрасонии почтаи фаврӣ дар асоси иҷозатномаи Хадамоти алоқа иборат мебошад», — зикр кардааст Саидалӣ Мирзоев, директори генералии КВД «Почтаи Тоҷик». Ҳамчунин ба муносибати Рӯзи фалак, ки ҳамасола 10 октябр дар саросари мамлакат ҷашн гирифта мешавад, нашрияи «Садои мардум» бо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Чилахон Холов мусоҳиба анҷом дода, муҳтавои онро таҳти сарлавҳаи «Бояд фалаки шодиёнаро сароем!» пешкаши хонандагон кардааст. «Фалак зиндагии мардум буд, вақте зироаткорӣ мекарданд, дар даште, дар болои кӯҳтале даст ба гӯш мебурданду ба навою ба садо меомаданд. Ин тарзи сароишро ҳофизон фалаки даштӣ номидаанд. Аммо дар деҳаҳо агар тӯю сур мешуд, ҳофизон бо думбра сурудҳои фалакӣ месароиданд. Замони он фаро расидааст, ки фалак оҳанги рӯҳафзо дошта бошад. Мардум дар гузашта аз тангдастӣ, мушкилӣ фарёд мекашиданд. Имрӯз на танҳо дарду фироқ сароем, балки фалаки шодиёнаро низ бояд бихонем», — изҳори андеша кардааст Чилахон Холов. «Духтаре бо куртаи чити қаламӣ» — бо ҳамин сарлавҳа Аскар Ҳаким, Шоири халқии Тоҷикистон бардошту мулоҳизаҳои худро аз ғазалҳои шоираи тоҷик Шаҳрибону пешкаши хонандагони «Садои мардум» кардааст, ки бешак, аз ҷониби онҳо ба хушнудӣ пазируфта мегардад.

Дар шумораи имрӯзаи «Садои мардум» (12.10.2017,№121) хабари расмӣ оид ба сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия нашр шудааст. Дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот намуданд. Дар суҳбат сарони ду давлат доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Россия табодули афкор намуданд. Дар мулоқот ҳамчунин масоили амниятиву мудофиавӣ, аз ҷумла, вазъи сиёсиву низомӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва таъмини амнияту суботи минтақавӣ баррасӣ шуданд, — омадааст дар хабари нашрия.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 октябри соли ҷорӣ дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Шайх Халифа ибн Ҳамад ибн Халифа Оли Сониро ба ҳузур пазируфтанд. Вобаста ба ин «Садои мардум» иттилоъ додааст, ки дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат, гидроэнергетика, фарҳанг, алоқаи ҳавоӣ, бонкдорӣ, саёҳат ва дигар бахшҳои афзалиятноки барои ҳар ду ҷониб судманд баррасӣ гардиданд.

Мақолаҳои «Шаҳре, ки аз дили инсон чароғон аст», «Тоҷик аз сеҳри каломаш гашт машҳури ҷаҳон», «Обро ба воситаи обсабзҳо метавон безарар кард» ва порае аз тадқиқоти илмии Ҷ. Саидзода бо сарлавҳаи «Айнӣ – яке аз поягузорони ҳаракати шуубия» дар саҳифаҳои 2 ва 3 нашрия чоп шудаанд. «Тавре ки гуфтем, халқи тоҷик баъди Сомониён на танҳо ҳокимияти сиёсиву иҷтимоиву иқтисодиву низомӣ, балки ҳувияти миллии худро аз даст дода буд ва ҳамчун миллати бе шамшер ва бе лашкар ба номи мусулмони зердасту мазлум ба сар мебурд ва дар муқобили забардастон наметавонист муқовимат ва истодагарӣ кунад ва шарафу нангу номуси миллии худро ба таври бояду шояд дифоъ намояд…», — омадааст дар мақолаи Ҷ.Саидзода.

Нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» оид ба нахустин ҳамоиши ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ хабари муфассал нашр карда, дар мавзӯъҳои маърифати ҳуқуқии ҷавонон, эҳтиром ба забони модарӣ, бузургдошти инсон мақолаҳои ҷолиб пешкаши мухлисони худ кардааст. Нашрия ҳамчунин аз баргузор шудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва муваффақияту ғалабаҳои варзишгарони мамлакат дар ин мусобиқаҳо хабару гузоришҳо чоп кардааст.

Нашрияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Омӯзгор» дар мавзӯи дастовард ва мушкилоти ҳимояи рисолаҳо мақолаи Н.Насимовро нашр кардааст. Муаллиф дар заминаи рақамҳои оморӣ хулоса кардааст, ки: «Дар ҷумҳурӣ теъдоди ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, махсусан дар самти илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ сол аз сол кам шуда, дар ин самт андешидани тадбирҳои мушаххаси амалиро тақозо дорад». Нашрияи «Омӯзгор» ба муносибати ҷашни ҳосилбардории кишоварзон мақолаи олимони тоҷик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Равшан Раҳмониро бо сарлавҳаи «Хуш омадӣ, Меҳргон!» бознашр кардааст.

Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» дар мавзӯи таъмини амнияти озуқаворӣ гузориши матбуотиро аз ҷараёни суҳбати “мизи мудаввар”-е, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда буд, нашр карда, оид ба захираҳои гидроэнергетикии мамлакат таҳти сарлавҳаи «Обҳои Тоҷикистон – муъҷизаи табиии ҳаёт» мақолаи М.Ҳошимовро чоп кардааст.

«Ҳизбе, ки ҳазорон нафарро гумроҳ карда буд» — бо ҳамин сарлавҳа нашрия вокуниш ва мулоҳизаҳои Саёҳат Абдуллоева, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвонро нисбат ба мусоҳибаи Ш.Ҳамдампур бо судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Азизов «То табаддулот се рӯз монда буд» нашр кардааст. Муаллиф чунин саволгузорӣ кардааст: «То ҳол раиси ҳизби мамнӯъгаштаи наҳзати исломии Тоҷикистон М.Кабирӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз қабули қарори Суди Олӣ нисбат ба манъ кардани фаъолияти ҲНИТ ва ҳамчун  ташкилоти террористӣ-экстремистӣ шинохтани он эътироз менамояд. Пас, агар М.Кабирӣ то ин дараҷа ба худ ва фаъолияти «пурсамари худ» боварӣ дорад, чаро аз дур истода иғво мекунад, чаро аз пеш намояд, чаро аз болои қарори мазкур шикояти кассатсионӣ наменависад? » ва чунин идома додааст: «Бовар дорам, ки одитарин шаҳрванди Тоҷикистон ба ин саволҳо посух дорад. М.Кабирӣ метарсад, шуҷоат надорад, ӯ мисли як хоини миллат дар ғарибиҳо бо азоби виҷдон мемирад».

Октябрь 12, 2017 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Китобҳои «Президент, истиқлол, ваҳдат, маориф» ва «Муаррифгари миллати тоҷик» ба табъ расиданд
Кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур суханронии Президенти Тоҷикистонро бахшида ба Рӯзи Дониш дастҷамъона тамошо намуданд
«БО АТЛАСУ АДРАСУ ЧАКАН ЯКТОӢ». Либоси миллӣ байни тӯфонҳои шадиди ҳазорсолаҳо ба ин покӣ ҳифз гардид
Бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар роҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма сохтмони долони зиддитармавӣ ва пули мошингузар босуръат идома дорад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ба 80 хонандаи ниёзманди ноҳияи Айнӣ либоси мактабӣ тақдим гардид
«БЕҲТАРИН ШАХСИ ҲУҚУҚДОН». Таҳти чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт озмун доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Дар Маркази мероси хаттӣ бахшида ба Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Барои расидан ба саодати миллӣ бояд меъёрҳои қонунҳо риоя гардад