Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 15.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд дар водиҳо ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 7-12, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония азида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 12+14 дараҷа ва рӯзона 27+29 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ОЯНДАИ ФУТБОЛ АЗ ҲОЛО ОҒОЗ МЕЁБАД. Дар Тоҷикистон мусобиқаи васеъмиқёси кӯдакона анҷом ёфт
ZET-MOBILE иқдоми нав оғоз намуд: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






