Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон аз вилояти Суғд боздид анҷом дод

Октябрь 25, 2017 10:05

ДУШАНБЕ, 25.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш  гурӯҳи кории мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Раҷабмо Ҳабибуллозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Конибодоми вилояти Суғд қарор доштанд.

Тавре аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, сафари хизматии мазкур бо мақсади аз наздик муаррифӣ намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба ҷомеаи вилоят, салоҳият ва вазифаҳои ӯ, қабули шаҳрвандон дар маҳалҳо, мониторинги фаъолияти чанде аз муассисаҳои будубоши доимии кӯдакон, инчунин таҳким бахшидани ҳамкории мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Суғд бо мақомоти Ваколатдор анҷом дода шуд.

Зимни мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо раиси ноҳия аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қабули арзу шикоятҳои шаҳрвандон анҷом дода шуд.

Ҳамчунин вохӯрии гурӯҳи корӣ бо намояндагони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла, масъулини ниҳодҳои маориф ва илм, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, рӯзноманигорон ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии шаҳри Конибодом ва ноҳияи Ҷаббор Расулов  баргузор шуд.

Дар вохӯриҳо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак оид ба фаъолияти мақомоти Ваколатдор ва салоҳияту вазифаҳои ин ниҳод маълумот пешниҳод намуданд. Сипас иштирокчиёни вохӯриҳо оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар сатҳи маҳал ибрози назар намуданд. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.

 

Октябрь 25, 2017 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад