Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар Сочи иштирок кард
ДУШАНБЕ, 11.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 10 октябри соли равон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Сочи иштирок кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа вазирони корҳои хориҷӣ ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию гуманитариро дар доираи Иттиҳод баррасӣ намуданд.
Дар ҷаласа инчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мубодилаи афкори муфассал сурат гирифт. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба дастгирии институти оила ва арзишҳои анъанавии оилавӣ, мукаммалсозии фаъолияти ИДМ ва мутобиқсозии он ба воқеияти муосир, таъйин намудани муассисаҳои заминавии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба омоданамоӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаҳои алоҳида ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.
Оид ба ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.








Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд






