ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…
ДУШАНБЕ, 13.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза аз ҳолатҳои нохуши садамаҳои нақлиётӣ, дуздию қаллобӣ, ба ҳалокат расидани шаҳрвандон бар асари беэҳтиётӣ ва қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ хабарҳо нашр мекунад. Ба манзури хавфи иҷтимоии ин ҳолатҳо, ҳушдори одамон ҷиҳати ҳушёрию зиракӣ ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш мо чанде аз ин хабарҳоро бознашр мекунем.
Маҷбуран кор фармудани зан дар хориҷи кишвар
Ба мақомоти корҳои дохилӣ зани 54-солаи сокини ноҳияи Восеъ муроҷиат намудааст, ки 1 августи соли 2016, марди 63-солаи сокини шаҳри Душанбе, директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Имкон-2015», бо баҳонаи таъмини кор дар хориҷи мамлакат ӯро ба шаҳри Риёзи давлати Арабистони Саудӣ бурда, муддати 1 солу 2 моҳ маҷбуран кор фармуда, музди меҳнаташро пардохт накардааст.
Марди номбурда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардид. Аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 130 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот давом дорад.
Ба гарав гузоштани хонаи каси дигар
Марди 53-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур ба мақомоти корҳои дохилӣ дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2014, марди 48-солаи сокини кӯчаи Мастонгули пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, ҳуҷҷатҳои хонаи истиқоматиашро дар Бонки хурди молиявӣ ба гарав мондаас. Ӯ аз бонки мазкур 150 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро ба бонк насупоридааст.
Марди гумонбаршуда ба қаллобӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ҳалокати писарбача дар садамаи марговар
11 октябри соли равон ронандаи мошини тамғаи «ЗИЛ» Турсунов Шерзод Тоҷмаҳмадович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Фалакони ноҳияи Рӯдакӣ дар рӯ ба рӯи мағозаи хӯроквории «Мадина» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Усмонов Муҳсиддин Ғуломович, соли таваллудаш 2008, сокини деҳаи Фалакон, хонандаи синфи 3-юми МТМУ №24-ро пахш намудааст.
Мутаассифона, пиёдагарди ноболиғ бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Бародар ба бародар раҳм накард
Ба Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 41-солаи сокини шаҳри Кӯлоб муроҷиат намудааст, ки 11 октябри соли равон бародараш, марди 39-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии ноҳияи мазкур дар дохили бозори «Саховат»-и шаҳри Душанбе бо корд ӯро 1 маротиба задааст. Дар натиҷа номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Бародари марди ҷабрдида бо гумони авбошӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардидааст.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






