14 ноябр- Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо диабети қанд. Дар ҷумҳурӣ беш аз 41 ҳазор нафар аз ин беморӣ азият мекашанд

Ноябрь 14, 2017 11:23

ДУШАНБЕ, 14.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо диабети қанд соли 1991 аз сабаби зиёд гаштани шумораи беморон аз ҷониби Федератсияи байналмилалии диабет (International Diabetes Federation, IDF) ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (World Health Organization) эълон гашта буд.

Бино ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, ин беморӣ бештар дар байни ҷавонон ба назар мерасад ва дар ҳолати густариш аст. Ҳамасола гирифторони ин беморӣ ба ҳадди 6-10% афзоиш меёбанд. Сабаби онро аксар мутахассисон дар фарбеҳии зиёд, аз меъёр зиёд будани холестерин ва равған дар таркиби хун медонанд. Диабети қанд бемории хатарнок буда, дар ин беморӣ гармонҳо бо номи «инсулин» ё тавлид намешаванд ва ё ба таври зарурӣ фаъолият намекунанд.
Инсулин барои табдили қанди таркиби хун ва ғизоҳо ба энергия хизмат мекунад. Дар шахсони гирифтори ин беморӣ бо далели он ки инсулин камбудӣ дорад ва ба хубӣ амал намекунад, қанд (глюкоза) то сатҳи хатарнокӣ дар хун боло меравад.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» мутахассиси Маркази ҷумҳуриявии эндокренологӣ    Моҳбегим Давлатмамадова иброз дошт,  сабаби паҳн гаштани ин беморӣ дар байни кӯдакон на танҳо ирсият, балки ҳолати равонии инсон ва истеъмоли хӯрокҳои гуногун мебошад. Тадқиқот нишон медиҳанд, ки байни кӯдакони ҷумҳурӣ аломатҳои фарбеҳшавӣ хеле зиёд ба назар мерасанд. Сабаби он пурхӯрӣ ё истеъмоли нодурусти хӯрок мебошад, ки ба пайдоиши бемории қанд метавонад сабаб шавад. Дар назди Маркази ҷумҳуриявии эндокренологӣ мактаби диабетикӣ барои хурдсолон ва калонсолон фаъол мебошад. Чунин мактабҳо дар назди марказҳои саломатии кишвар низ мавҷуданд. Дар ин мактабҳо тарзи дурусти истеъмоли ғизо ва паст кардани омилҳои хатарнок омӯзонида мешаванд.

Бино ба иттилои М.Давлатмамадова, айни замон дар Тоҷикистон 41 ҳазору 603  нафар беморони диабети қанд ба қайд гирифта шудаанд. Шумораи кӯдакони ба ин беморӣ гирифторшуда 445 нафари то 15-сола ва 341 нафари аз 15 то 18-соларо ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, соли 2008 дар ҷаҳон аз бемории қанд 347 миллион нафар азият мекашиданд. Соли 2012 қариб 1,5 миллион нафар аз ин беморӣ фавтиданд, ки беш аз 80% онҳо сокинони кишварҳои камдаромад ва даромадашон миёна мебошанд.
 Ибодат ДАВЛАТОВА

Ноябрь 14, 2017 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
КОНСТИТУТСИЯ — ИНЪИКОСКУНАНДАИ СУННАТҲОИ ПУРҒАНОВАТИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои ҳуқуқшинос Исмоил Абдуалимзода оид ба ҷанбаҳои таърихии ин санад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Данғара ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар ҳошияи иштироки Президенти Тоҷикистон дар Саммити СММ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд