75 ФОИЗИ БОЗОРИ ДОРУВОРИИ ҶУМҲУРӢ МАҲСУЛОТИ ВОРИДОТИСТ. Дар Душанбе вазъи таъмин ва назорати маҳсулоти доруворӣ баррасӣ гардид

Ноябрь 30, 2017 11:58

ДУШАНБЕ, 30.112017/АМИТ «Ховар»/. Танҳо соли 2016 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 28 миллион доллар маҳсулоти доруворӣ ворид карда шудааст. Ин матлабро  муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова дар ҳамоише, ки имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи  «Таъмин ва назорати  маводи доруворӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, иброз намуд.

Фарида Муминова имконияту  маҳдудиятҳо дар рушди бозори  маҳсулоти  дорувориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳ дода, зикр намуд, ки аз ҳаҷми умумии воридоти маҳсулоти доруворӣ аз хориҷи кишвар  ба ҷумҳурӣ 20 фоиз ба Ҳиндустон,  12 фоиз ба Россия ва боқимонда ба дигар кишварҳои хориҷӣ, назири Латвия ва Украина рост меояд.

Инчунин ба Тоҷикистон  маҳсулоти доруворӣ ҳамчун кумаки башарӯстона дар доираи татбиқи лоиҳаҳои  бахши тандурустӣ дастрас карда мешавад. Ҳамзамон дар дохили ҷумҳурӣ маҳсулоти  доруворӣ истеҳсол гардида, 75 фоизи бозори   дорувориро  дар ҷумҳурӣ маҳсулоти дорувории воридотӣ ташкил медиҳад.

Дар ҳамоиш, ки олимону мутахассисони дорусоз,  намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар, ниҳодҳои илмию  пажӯҳишӣ ва коршиносони соҳа  ширкат доштанд, роҷеъ ба дурнамои ташкили  саноати дорусозӣ дар Тоҷикистон, вазъи бозори фармасевтии кишвар,  дарёфт  намудани маводи нави доругӣ тавассути  синтези кимиёвӣ,  паҳлуҳои танзими давлатии фаъолияти  фармасевтӣ, нақши гиёҳҳои  Тоҷикистон дар солимгардонии  ҷомеа ва баланд бардоштани  иқтисодиёти кишвар, омода намудани мутахассисони бахши  дорусозӣ бо мақсади рушди соҳа, назорати сифати маводи доруворӣ дар Тоҷикистон, назорат ва ба расмиятдарории  гумрукӣ  ҳангоми воридоти  маводи доруворӣ, ташкили корхонаҳои  калони  истеҳсоли маводи доруворӣ дар кишвар ибрози назар намуда, пешниҳодҳои ҷолиб ва судманд  баён доштанд.

Ноябрь 30, 2017 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад