Ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода ба Ватан баргашт
ДУШАНБЕ, 14.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шаби гузашта, соати 2:00 ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода ва ҳамроҳонаш пас аз анҷоми Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия бо иштироки беҳтарин варзишгарони сайёра баргузор гардид, баъди ба даст овардани ғолибият ба Тоҷикистон омаданд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар маросими истиқболи ҷаҳонпаҳлавонони тоҷик раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 Дилшод Назаров, раиси ноҳияи Варзоб, мураббиёни шинохтаи кишвар, дӯстдорони варзиш ва ҳаводорони гӯштин иштирок намуданд.
Нахуст тибқи анъанаи миллати тоҷик ба чемпиони ҷаҳон оид ба самбо Беҳрӯз Хоҷазода либосҳои миллӣ пӯшонида, бо гулу гулдастаҳо, ки баёнгари садоқат ва муҳаббати ҳамватанон буд, ӯро гарм истиқбол намуданд.
Садҳо нафар ҳаводорони ҳунари Беҳрӯз ӯро рӯ–рӯи даст бардошта, «Парчамбардори миллат» ва «Ифтихори миллат» гӯён нидо мекарданд.
Беҳрӯз Хоҷазода дар ҳолати шодиву нишот иброз дошт, ки «маҳз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзишгарон буд, ки ман рӯҳбаланд гардидам. Ин дастгириҳо ба ман имконият доданд, ки чемпиони ҷаҳон шавам.
Ман ҳамзамон барои мусоидат ва дастгириҳо ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ миннатдории худро ба роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонам».










Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






