Адолат Раҳмонова: «Вақт нишон дод, ки мо, вакилон дар иҷлосияи 16-ум дар интихоби Раиси Шӯрои Олӣ, Пешвои воқеии миллат Эмомалӣ Раҳмон қадами ҷиддӣ ва дуруст гузоштаем»
ДУШАНБЕ, 13.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Баъди чанд рӯз ба баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол пур мешавад. Дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» собиқ вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Раҳмонова китоби хотироташро аз баргузории ин иҷлосияи тақдирсоз варақгардон кард. Инак фишурдаи ин суҳбатро пешкаши хонандагони сомона мегардонем.
АМИТ “Ховар”: Чаро макони баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз шаҳри Хуҷанд интихоб гардида буд?
Адолат Раҳмонова: Дар он айёми пурошӯб дар пойтахти кишвар гузаронидани иҷлосия комилан имкон надошт. Вазъият дар Душанбе ниҳоят муташанниҷ буд. Тамоми шохаҳои ҳокимият фалаҷ гардида, оғози ҷанги шаҳрвандӣ бисёре аз шаҳрвандон, аз ҷумла, вакилон, зиёиён ва дигар аҳли фарҳангро маҷбур сохт, ки пойтахти кишварро тарк намоянд. Чунки дар он шабу рӯз ҳеҷ кас амнияти онҳоро кафолат дода наметавонист.
Шахсан худам шоҳиди он будам, ки дар пойтахт дар оғози гирдиҳамоиҳои соли 1992 чандин нафар вакилони халқ ва аъзои Ҳукуматро гаравгон гирифтанд. Дар натиҷаи ин нофаҳмиҳо ва муноқишаҳои сиёсӣ ҳатто чанд тан аз вакилони мардумиро ҳам аз даст додем. Дар он айёми хатарзо касе ва сохторе кафолати бехатарии вакилони мардумиро дода наметавонист. Иҷлосия бояд дар як минтақаи амн баргузор мегашт. Дар маркази вилояти Хатлон –шаҳри Қӯрғонтеппа ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Аз сабаби дурии роҳ ва мушкилоти он дар ВМКБ низ имкони гузаронидани иҷлосия вуҷуд надошт. Маҳз аз ҳамин хотир иҷлосия дар Хуҷанд баргузор гашт. Вақте қарор шуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати 12 –ум моҳи ноябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, вакилон, аҳли зиё ва шахсони барӯманди Тоҷикистон бе дудилагӣ ба он ҷо рафтанд.
15 ноябри соли 1992 аввал дар маҷлисгоҳи Қасри Арбоб ҳамоише баргузор гардид, ки онро Маҷлиси миллӣ номиданд. Дар он вакилони Шӯрои Олӣ, аъзои Шӯрои вазирон, пешвоҳои сиёсӣ, қумандонҳои саҳроӣ аз ҳар ду ҷониби даргир, намояндагони илму санъат, ҷамъиятҳои миллӣ, ҳаракатҳои мухталифи сиёсию ҷамъиятӣ, намояндагони дигар давлатҳо ва воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд. Дар ҷамъомад ҳама- ҳам вакилон ва ҳам аҳли зиёи Тоҷикистон такрор ба такрор изҳор мекарданд, ки хостори ҳар чӣ зудтар хотима ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор гардидани сулҳ дар ҷумҳурӣ ҳастанд. Аммо чӣ тавр ва бо кадом роҳ бояд онро ба даст овард? Ин масъала дар байни иштирокдорони маҷлис баҳсу мунозираи зиёд ба миён оварда буд. Дар миёни ҷамъомадагон ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд надошт. Ҳатто дар байни вакилони Шӯрои Олӣ ҳам назарҳо мухталиф ва муқобили якдигар буданд. Мутассифона, ҳисси маҳалгароии баъзеи онҳо он қадар авҷ гирифта буд, ки вазъиятро торафт мураккабтар мегардонид.
Маҷлиси миллӣ то бегоҳи ҳамон рӯз идома ёфт ва қарор дода шуд, ки пагоҳ Иҷлосия ба кори худ оғоз намояд.
Ҳамин тариқ, рӯзи 16 ноябр, соати 10:00 Акбаршоҳ Искандаров, собиқ Раиси Шӯрои Олӣ ба кори иҷлосия оғоз бахшид. Дар иҷлосия аз ҷониби вакилоне, ки ҷонибдори ҳукумати конститутсионӣ буданд, таклиф шуд, ки Комиссияи муросо таъсис дода шавад. Ин Комиссия иборат аз 40 нафар таъсис ёфт ва роҳбарии онро Қурбон Тураев, яке аз вакилон, собиқ корманди ҳизби коммунист ба уҳда дошт. Комиссия паси дарҳои пӯшида ҷаласа гузаронид ва рӯзномаи иҷлосияро иборат аз 14 масъала тасдиқ ва пешниҳоди вакилон кард. Аммо Акбаршоҳ Искандаров пешниҳод кард, ки барои он ки қарорҳои қабулнамудаи иҷлосия дар маҳалҳо татбиқ гарданд, ба иҷлосия бояд раисони комиҷроияҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ даъват карда шаванд.
Ҳамин тавр рӯзҳои 16 ва 17 ноябр то расида омадани раисони комиҷроияҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар кори иҷлосия танаффус эълон гардид.
Рӯзи 18 ноябр барои тасдиқи рӯзномаи иҷлосия боз баҳсу мунозираҳои зиёд ба миён омаданд. Қурбон Тураев таклиф кард, ки дар иҷлосия танҳо вакилон, аъзои ҳукумат, намояндагони дигар давлатҳо ва воситаҳои ахбори омма иштирок намоянду дигарон бояд толорро тарк кунанд. Ҳамин тавр ҳайати иштирокчиёни иҷлосия тасдиқ гардид.
Қурбон Тураев ҳамчунин пешниҳод кард, ки азбаски яке аз масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия истеъфои Раёсати Шӯрои Олӣ ва раиси он Акбаршоҳ Искандаров мебошад, раисии иҷлосияро бояд вакили аз ҳама куҳансол ва шахси бетараф ба уҳда гирад. Ва ин вазифаро ба уҳдаи шодравон Ҳабибулло Табаров гузоштанд. Иҷлосия хеле душвор мегузашт, масъалаҳои хеле ҷиддӣ муҳокима мешуданд, ҳатто дар танаффусҳо низ баҳсу муҳокимарониҳо идома меёфт. Дар ёд дорам барои тасдиқи рӯзномаи Иҷлосия ва оғози он мушкилоти зиёдеро паси сар кардем.
Ёд дорам, ҳам дар кушодашавии иҷлосия ва ҳам дар мавриди тасдиқи рӯзномаи он панҷ маротиба бо таклифу пешниҳод сухан гуфтам.
АМИТ «Ховар»: Дар рӯзномаи иҷлосия истеъфои Раёсати Шӯрои Олӣ ва раиси он Акбаршоҳ Искандаров дохил гардида буд. Чӣ зарурат шуд, ки Шумо ин масъаларо боз пешниҳод кардед?
Адолат Раҳмонова: Вазъияти баамаломада баръало нишон медод, ки ҳукумати ҳамонвақтаи муросои миллӣ, Раёсати Шӯрои Олӣ ва ҳам Акбаршо Искандаров ҳамчун Раиси он рисолаташонро ба ҷо оварда натавонистанд. Вазъияти сиёсии мамлакат рӯз то рӯз душвор мегашт. Дар он шабу рӯз хотима ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини амнияти мардум он тараф истад, мардум аз гуруснагӣ азият мекашиданд. Гурӯҳҳои силоҳбадаст роҳро маҳкам карда, намегузоштанд, ки ба минтақаи Кӯлоб маводи ғизоӣ фиристода шавад. Кӯлоб ҳафт моҳ дар муҳосираи иқтисодӣ қарор дошт. Дар он давра махсусан дар шаҳри Кӯлоб ҳар рӯз чандин нафар одамон ҳангоми навбатпоӣ барои нон аз гуруснагӣ ҷон медоданд. Фақат дар ноҳияи Фархор дар натиҷаи гуруснагӣ ҳафт ҳазор нафар аҳолӣ ба бемории гелиотроп гирифтор шуда, азобу машаққати зиёдро аз сар гузарониданд ва аксари онҳо ба ҳалокат расиданд. Мардуми минтақаҳои дигар низ дар чунин ҳолати ноамниву бесуботӣ қарор доштанд. Бахусус, сокинони шаҳри Душанбе аз нарасидани нон азоби зиёд мекашиданд. Вазъият ба куллӣ дигаргуниро талаб мекард. Аммо талоши дар мансаб боқӣ мондани роҳбарияти онвақта имкон намедод, ки вакилон ба як қарори мувофиқ биёянд. Боз чанд сабаби дигар он замон маро водор сохт, ки ҳамчун намояндаи мардумӣ истеъфои Акбаршо Искандаровро пешниҳод намоям. Аъзои ҳукумат ҳам аризаи ба истеъфо рафтанашонро дода буданд. Баромади маро вакилони дигар низ ҷонибдорӣ карданд.
Бояд зикр намоям, ки Акбаршо Искандаров низ вазъиятро ба хубӣ дарк мекард ва иброз дошт, ки «агар баъди рафтани ман вазъияти кишвар ором ва сулҳу субот таъмин шавад, ба он розӣ ҳастам» ва аз вазифааш истеъфо дод.
АМИТ «Ховар»: Пешниҳоди номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Раиси Шӯрои Олӣ чӣ гуна сурат гирифт?
Адолат Раҳмонова: Вақте Акбаршо Искандаров ба истеъфо рафт, зарурати интихоби Раиси нави Шӯрои Олӣ ба миён омад. Дар чунин вазъияти мураккаб танҳо шахси дорои иродаи матин ва фидоии миллат метавонист давлатро роҳбарӣ намояд. Он лаҳзаҳо сарнавишти ояндаи миллат аз интихоби дурусти вакилон вобастагии калон дошт.
Вакили мардумӣ Мирзоев (мутаассифона, номашонро фаромӯш кардам) аз ҳавзаи интихоботии Хонақоҳ №47, намояндаи шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав сухан гуфта, таклиф кард, ки номзадии Эмомалӣ Раҳмон, вакил аз ҳавзаи интихоботии Данғара ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда шавад. Баъди он кас вакили дигар аз ҳавзаи интихоботии Варзоб №18 ба ин мансаб номзадии Изатулло Ҳаёевро пешниҳод кард. Шодравон Изатулло Ҳаёев аз ҷояш хеста, барои боварӣ миннатдорӣ баён намуд ва номзадии худро пас гирифт.
Ба рӯйхати овоздиҳии пинҳонӣ номзадии Эмомалӣ Раҳмон дохил гардид. Аз 230 нафар вакилони Шӯрои Олӣ дар иҷлосия 197 депутат иштирок доштанд. Тариқи овоздиҳии пинҳонӣ 186 нафар вакили мардумӣ ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд. Ҳамин тариқ Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
«Ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам!». «То даме, ки охирин гурезаро аз хоки Афғонистон ба ватан барнагардонам, осуда буда наметавонам». «Қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Ин аввалин суханоне буданд, ки Эмомалӣ Раҳмон баъди интихоб шудан ба мансаби Раиси Шӯрои Олӣ иброз доштанд. Ин суханони Эмомалӣ Раҳмон он қадар самимона садо доданд, ки гумон мекунам ҳамон лаҳза тавонистанд ноумедиҳоро рахнаву дилҳоро аз кина холӣ созанд.
Баъди интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб оши оштӣ доданд. То он лаҳзаҳо ҳатто тасаввур карда наметавонистам, ки намояндагони ду тарафи ба ҳам муқобил сари як миз нишаста, бо ҳам як пиёла чой нӯшанду якдигарро бахшанд.
Роҳбарони ситодҳо ва фармондеҳони сохторҳову қувваҳои низомии ҳарду тараф дар толори иҷлосия ҷамъ омада, дар назди Парчами Тоҷикистон савганди садоқат ёд карданд.
Бузургӣ ва марди худодод будани Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон лаҳзаҳо аллакай ҳувайдо буд. Аз аввалин лаҳзаи роҳбарияшон Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки ба хотири якпорчагии Ватан ва бақои миллат мардуми паси ду сангари муқобил қарордоштаро ба ҳам биёранд. Бовар кунед, ки баъди Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон чеҳраву рӯҳияи иштирокчиёни иҷлосия ҳам тағйир ёфт. Хатто онҳое, ки то ин дам ба қавле «аз зин фаромада бошанд ҳам, аз узангу нафаромада буданд», хушбину хушҳол ба назар мерасиданд.
АМИТ «Ховар»: Агар хато накунам, дар Иҷлосия Шумо дар мавриди ба истеъфо рафтани собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Набиев низ таклиф пешниҳод кардед?
Адолат Раҳмонова: Бале. Дар Иҷлосияи Шӯрои Олӣ масъала ба миён омад, ки муваққатан дар ҷумҳурӣ идораи президентӣ боз дошта шавад. Таклиф шуд, ки истеъфои Раҳмон Набиев бо ҳамон аризаи пешинааш, ки аз ҷониби қувваҳои мухолиф бо зӯрӣ дар фурудгоҳ гирифта шуда буд, пазируфта шавад. Ман таклиф кардам, ки беҳтар мебуд мо худи Раҳмон Набиевро, ки айни ҳол дар шаҳри Хуҷанд қарор дорад, ба иҷлосия даъват намоем, то ӯ рӯ ба рӯ бо мардум фикру андешаҳояшро баён намояд. Ҳамин тавр иҷлосия комиссияе таъсис дод. Комиссия дар ҳайати марҳум Ҳабибулло Табаров, Абдумаҷид Достиев, Ҳайдар Шарифзода ва Шаҳоб Шарифов ба хонаи шодравон Раҳмон Набиев рафта, ӯро барои дар кори иҷлосия иштирок намудан розӣ кунонданд. Мавсуф ба иҷлосия омада, фикру андешаҳояшро баён дошт. Номбурда баъдан аз вазифаи ишғолнамудааш истеъфо дод. Ҳамин тавр, Раҳмон Набиев дар ҳамин Иҷлосия бо обрӯ ҳамчун собиқ Президент бо тамоми имтиёзҳо ба нафақа гусел гардид.
АМИТ «Ховар»: Кори Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 15 рӯз идома ёфт. Боз кадом масъалаҳо дар он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд?
Адолат Раҳмонова: Дар ҳақиқат Иҷлосия аз 16 ноябр то 1 декабри ҳамон сол идома ёфт. Дар он роҳбарияти нави мамлакат интихоб гардид, рамзҳои давлатӣ- Парчаму Нишони миллӣ тасдиқу қабул шуданд ва бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосии кишвари мо қарор гирифтанд.
АМИТ «Ховар»: Имсол ба баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол пур мешавад. Мегӯянд, ки вақт беҳтарин довар аст. Дар ин бора чӣ андеша доред?
Адолат Раҳмонова: Ёд дорам, дар он замонҳои мушкил бисёриҳо шубҳа доштанд ва бовар намекарданд, ки роҳбари ҷавони давлат метавонад ба кишвар сулҳу субот биёрад. Онҳо гумон доштанд, ки мавсуф дар қудрат ҳатто аз як моҳ ҳам зиёд монда наметавонад. Ҳатто яке аз вакилони шинохтаи мардумӣ (ба хотири дар қайди ҳаёт набуданаш номашро намеорам) рӯирост дар ин иҷлосия гуфта буд, ки «ман ба ин ҳукумати 15 –рӯза шомил шудан намехоҳам ва ба он эътимод надорам».
Вазъият он қадар ҳассос буд, ки даҳҳо нафар шахсони дар мактаби сиёсат обутобёфта ва дар зинаҳои гуногуни роҳбарӣ фаъолияткарда аз қабули ин ё он вазифаи давлатие, ки Раиси навинтихобшудаи Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат ба онҳо пешниҳод менамуд, даст мекашиданд.
Тоҷикистони обод ва дастовардҳои беназири он дар зарфи 25 сол бори дигар исбот кард, ки мо, вакилони Шӯрои Олии Тоҷикистон дар иҷлосияи 16-ум дар интихоби Роҳбари давлат, Раиси Шӯрои Олӣ, Пешвои воқеӣ- Эмомалӣ Раҳмон қадами ҷиддӣ ва дуруст гузоштаем. Аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар он аст, ки хатари ҳамчун давлати мустақил барҳам хӯрдани Тоҷикистон ва ҳамчун миллат аз миён рафтани тоҷиконро пешгирӣ кард. Ин иҷлосия аз лаҳзаҳои аввали фаъолияташ манфиатҳои умумимиллию умумидавлатиро аз ғаразу манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ, ҳизбӣ, маҳаллӣ ва минтақавӣ афзалтар дониста, ба волоияти қонун ва бо роҳи қонунӣ ҳал намудани тамоми мушкилоти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии кишвар ибтидо гузошт.
Роҳи расидан ба сулҳ басо душвор, пурмонеа ва ноҳамвор буд. Ба хотири таъмини ҳарчи зудтари сулҳу оромӣ дар шароите, ки ҳеҷ кас кафолати амнияти Роҳбари давлатро дода наметавонист, Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳои ноороми кишвар ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафарҳои зиёде анҷом доданд. Чун фарзанди фарзонаи ин миллат ба қавли додаашон содиқ монда, ҳамватанони гурезаи моро ба Ватан ва сулҳро ба ҳар хонадони Тоҷикистон оварданд.
Боиси ифтихор аст, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон дар таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи нодир эътироф шуда, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифтааст.
АМИТ «Ховар»: Ба хонандагони сомонаи АМИТ «Ховар» чӣ таманно доред?
Адолат Раҳмонова: Нахуст барои ҳамаи онҳо 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар сарнавишти ҳар як тоҷикистонӣ нақши муҳим гузоштааст, муборакбод мегӯям. Ҳадафи мо аз таҷлил ва ёдоварии он лаҳзаҳои ҳассос ва пурошӯби кишварамон танҳо ба хотири сабақҳои пандомӯз бардоштан аз таҷрибаи талхи таърихи кишвар аст. Мо бояд аз гузашта, алалхусус аз гузаштаи пурфоҷиа, сабақ бигирем. Ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Сулҳу ваҳдати ба ивази ҷонбозиҳои зиёд бадастомадаро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳид шавем ва ба насли оянда Тоҷикистони пешрафтаро ба мерос гузорем.
Рухсораи НУР