Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ ифтихор аз давлат ва миллати хеш аст
ДУШАНБЕ, 23.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат ва миллати хеш аст. Қабули Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ аз ҷумлаи нахустин тасмимҳое буд, ки дар ташаккул ва бунёди давлати мустақили тоҷикон нақши ниҳоят муҳим дорад. Ин матлабро Фирӯз Қодиров, муовини ректор оид ба илми Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ, ки 22 ноябр дар донишкада зимни ҷамъомади тантанавӣ доир гашт, баён дошт.
«Хушбахтона, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон мешиносанд ва пайравони ин миллату давлат – ҷавонон низ дар парафшонии Парчами давлатии кишвар дар арсаи байналмилалӣ саҳмгузоранд. Аҳли коллективи меҳнатии донишкада ва толибилмон дар таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ва бузургдошти ин муқаддасоти миллӣ фаъолона иштирок мекунанд, ки он яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ маҳсуб меёбад»,- гуфт Фирӯз Қодиров.
Дар ҷамъомад зикр гардид, ки парчам аз замонҳои қадим яке аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Тавре аз саҳифаҳои таърихи ғановатманди халқамон бармеояд, яке аз парчамдорони нахустини халқи мо — Коваи оҳангар будааст. Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва бисёр давлатҳои олам парафшон буда, аз мавҷудияти давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва озоду ягона дарак медиҳад. Дар парчами кишварамон таҷассуми ватандӯстиву ватанпарастӣ, шуҷоату далерӣ, дӯстиву рафоқат, сулҳу ваҳдат, ғурури ватандорӣ ва ҳимояти марзу бум мавқеи барҷаста дорад. Таҳти ҳамин парчам халқи тоҷик пайваста корҳои созандагӣ мекунад ва дар бунёди давлати ҳуқуқбунёд ба комёбиҳо мушарраф мегардад.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






