Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои наздик ҳавои номусоид пешгӯӣ мекунад

Ноябрь 2, 2017 15:34

ДУШАНБЕ, 2.11.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон,  3 — 5 ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, пастшавии ҳарорат бештар  дар ноҳияҳои вилояти Суғд  пешгӯӣ карда мешавад.

Бино ба иттилои манбаъ,  дар вилояти Суғд ва як қатор навоҳии вилояти Хатлон шамоли сахт бо суръати то 12-17 метр дар як сония мевазад ва пастшавии ҳарорат дар назар аст.

Ҳамзамон Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар ин  рӯзҳо дар як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, бодҳои шадиди бӯронӣ имкон доранд чангу хокро ба ҳаво бардоранд.

Дар иртибот ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии кишвар хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо зимни роҳандозии корҳои саҳроӣ эҳтиёткор бошанд. Дар минтақаҳои кӯҳӣ аз рафтан ба кӯҳ бо ҳадафи ҷамъоварии ҳезум ва шикор  худдорӣ намоянд.

Бахусус нафароне, ки гирифтори маризиҳои дилу раг ва фишори баланд мебошанд, бояд дар ин рӯзҳо ба саломатии худ таваҷҷуҳи  хоса зоҳир кунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ронандагон ва кӯҳнавардону сайёҳон  хотиррасон мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд, зеро эҳтимолияти резиши санг низ зиёд аст.

Ноябрь 2, 2017 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад