АЛОИМИ ГИЙЕН-БАРРЕ – ИН ЧӢ БЕМОРИСТ? Дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” оид ба бемориҳои вайроншавии гардиши хун дар майнаи сар ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 17.11.2017./АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади вусъат додани фаъолият дар самти ташхиси мукаммал ва табобати босамари бемориҳои асаб Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ҳамоиш доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре гуфта мешавад, дар ҳамоиш масъалаҳои вобаста ба бемории “Вайроншавии гардиши хун дар майнаи сар” ва бемории “Алоими Гийен-Барре” мавриди баррасии донишмандону мутахассисон ва коршиносони соҳа қарор гирифтанд.
Дар ҳамоиш намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Федератсияи Россия, муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Молдова ва табибони асабшиноси шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ширкат намуданд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамоиши мазкур мазкур дар доираи амалишавии “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” сурат гирифт ва дар он вобаста ба мавзӯоти “Стратегияи муосири муолиҷаи беморон, норасоии шадид ва музмини гардиши хун дар мағзи сар”, “ Сактаи майнаи сар — дарди рӯз” ва дигар масъалаҳои дахлдор маърӯзаҳо шунида, перомуни онҳо изҳори назар карда шуд.
Дар чорабинӣ ҳамзамон зикр гардид, ки Алоими Гийен-Барре яке аз бемориҳои вазнини системаи асаби атрофӣ ба ҳисоб меравад, ки дар сеяки ҳолатҳо чораҳои комплексии табобати интенсивӣ, инчунин дастгоҳи нафаси сунъиро тақозо менамояд. Алоими Гийен-Барре аксар вақт сабаби фалаҷу нимфалаҷҳои атрофӣ мешавад. Назари махсуси асабшиносон нисбати Алоими Гийен-Барре дар давоми даҳсолаи охир тасодуфӣ нест. Ин беморӣ яке аз чандин ва шояд ягона дар байни бемориҳои вазнини системаи асаб мебошад, ки ҳангоми табобати саривақтӣ ва тафриқашуда барқарорсозии пурраи беморон мушоҳида мешавад.
Дар ҷамъомад ҳамзамон тағироти назарраси табиати Алоими Гийен-Барре, хусусиятҳои зоҳиршавӣ ва паҳншавии он, сабабҳои пайдоиш, роҳҳои табобат, ташхиси тафриқавӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин намуди беморӣ мавридӣ таҳлилу баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.









Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






