Ато Ҳамдам, муаллифи китобҳои «Корномаи Эмомалӣ Раҳмон» ва «Спитамен»: «Маҳз журналистика роҳи маро ба сӯи адабиёт боз намудааст…»
ДУШАНБЕ, 24.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Журналист бо қалам ва суханаш бояд барои пешрафти ҷомеа хизмат расонад, зеро вазифаи асосии журналист созандагӣ аст, на сӯзандагӣ. Ин матлабро журналист, драматург ва тарҷумони тоҷик Ато Ҳамдам 23 ноябр зимни вохӯрӣ бо донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баён дошт. Номбурда дар оғози суҳбат таваҷҷуҳи донишҷӯёнро ба нақши таърихӣ доштани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии кишвар, хусусан аз парокандагӣ наҷот додани миллати тоҷик ҷалб намуд. Ба андешаи номбурда, маҳз Иҷлосияи мазкур сабаб гардид, ки коршиносони кишварҳои гуногуни олам ба таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон баҳои баланд дода, сулҳи тоҷиконро «сазовори омӯзиш» донистаанд.
Ато Ҳамдам ба сифати вакил иштирок намудани худро дар Иҷлосияи 16-уми таърихии тақдирсоз ёдовар шуда, хоксориву мардонагӣ ва наздикӣ доштани Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро бо мардум намунаи барҷастаи ноил шудан ба сулҳу осоиштагӣ номид.
Ҷанбаи дигаре, ки журналист Ато Ҳамдам таваҷҷуҳи донишҷӯёни факултети журналистикаро ба он ҷалб намуд, ин фаъолияти 12-солаи сармуҳарририаш дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») буд. Ато Ҳамдам соҳаи журналистикаро сарманшаи тамоми муваффақиятҳои ҳаёти худ ном бурда, таъкид дошт, ки «маҳз журналистика роҳи маро ба сӯйи адабиёт кушод, зеро аввалин асарҳои ман дар мавзӯи синфи коргар эҷод шудаанд, ки ҳамеша дар фаъолияти журналистӣ бо онҳо сару кор доштам».
Натиҷаи чунин заҳаматҳо буд, ки ҳоло нависанда рӯзноманигори тоҷик Ато Ҳамдам муаллифи 60 асари бадеиву публитсистӣ буда, бузургтарини онҳо «Корномаи Эмомалӣ Раҳмон» мебошад, ки бо 13 забон тарҷума ва нашр шудааст. Инчунин муаллиф тӯли 30 соли охир бо ҳаммуаллифии нависанда Леонид Чигрин ба навиштани асарҳои таърихӣ машғул аст. Ба гуфтаи мавсуф, онҳо то ҳол 20 роману қиссаҳои таърихӣ навиштаанд, ки китоби «Спитамен» аз ин ҷумла мебошад.
Дар фарҷоми суҳбат журналист, драматург ва тарҷумони тоҷик Ато Ҳамдам аз фаъолияти бисёрсолаи худ дар соҳаи фарҳанг ба ҳайси Вазири фарҳанг, дар ҳаёти сиёсӣ ба ҳайси мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҳайси вакили Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, донишҷӯёни факултетро барои хидмати содиқона баҳри осоиштагии миллат ва давлат бо истифода аз қалам ва сухани созанда даъват намуд.
Манижа БАҲРОМЗОДА,
докторанти Ph.D-и ДМТ









Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






