«АЗ ШУМО ҒАЛАБА ИНТИЗОРЕМ!». Муроҷиати видеоии Шариф Назаров, Зебунисо Рустамова ва Муҳаммад Ғоиб ба бозингарони дастаи «Истиқлол»

Ноябрь 4, 2017 12:15

ДУШАНБЕ, 04.11.2017./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз – рӯзи футболи калон аст! Баъди чанд соат, аниқтараш расо соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозии финалии мусобиқои 14-ум барои дарёфти Ҷоми КФО (Конфедератсияи футболи Осиё)  миёни чемпиони шашкаратаи Тоҷикистон дастаи  «Истиқлол» ва чемпиони шашкаратаи Ироқ дастаи «Эйр Форс» шуруъ мешавад.

Дар арафаи ин вохӯрии ҳалкунанда Мураббии шоистаи ИҶШС ва Тоҷикистон Шариф Назаров, чемпиони ҷаҳон (1975)  ва дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ дар Монреал (1976) Зебунисо Рустамова ва Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб ба бозингарони дастаи дӯстдоштаи худ «Истиқлол» муроҷиат намуданд.

Муроҷиати видеоии онҳо дар сомонаи дастаи «Истиқлол» ҷой дода шудааст.

 Шариф НАЗАРОВ, Мураббии шоистаи ИҶШС ва Тоҷикистон:

«Ҳамагӣ як қадами дигар мондааст, то ки ба қуллаи мурод бирасем. Ин қадам, албатта, душвор аст, зеро роҳи тӯлонӣ, ҳаяҷону изтироб, кӯшиишу талошҳои зиёд барои расидан ба ин қулло тай шудааст.

Бинобарин, мехоҳам бароятон арз кунам: бачаҳо, ҳама чиз дар дасти худатон аст. Мо аз шумо ғалабаро интизорем.

Ман итминон дорам, ки футболи тоҷик аз нав эҳё гардидааст. Ва инро маҳз шумо рӯзи 4 ноябр собит менамоед ва чемпион, соҳиби Ҷоми Осиё мегардед.

Мехоҳам бароятон чунин орзу кунам: соати 18 бозӣ шуруъ мешавад, соати 20.00 дар ҳар як гӯшаи Ватани азизамон, дар ҳар хонадон номи шумо садо медиҳад. Волидайн ба кӯдакони нав ба дунёомадаашон номҳои шуморо мегузоранд, ба умеди он ки ин кӯдакон оянда калон ва шояд футболбоз шаванд.

Барои ҳамин, бачаҳо, ба пеш! Боварӣ дорем, ки мураббӣ тактикаи дурустро интихоб ва ба шумо пешниҳод меунад. Шумо бошед ба мураббии худ кӯмак менамоед. Ва мо якҷоя ба ин ғалаба ноил мегардем.

Ба шумо барор мехоҳам, «Истиқлол»!».

Зебуннисо РУСТАМОВА, чемпиони ҷаҳон ва дорандаи меди биниҷии Бозиҳои олимпӣ оид ба камонварӣ:

«Имрӯз, ки шумо ба финал баромадаед, ин худ аллакай як қаҳрамонии бузург аст. Мо боварӣ дорем, ки дар вохӯрии  финалӣ низ хуб бозӣ карда, натиҷаи баланд ба даст меоред!».

 

Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ:

«Ман боварӣ дорам, ки дар ин бозӣ ҳам ғалаба насиби дастаи мо мегардад. Дастае, ки номаш «Истиқлол» — ҳаёту мамоти мост!

Зарба зан, зарба зан, «Истиқлол»,

Ифтихори Ватан, «Истиқлол»!».

 

Ноябрь 4, 2017 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад