Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар Хуҷанд дави миллӣ ва веломарафон баргузор мегардад
ХУҶАНД, 22.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ҷараён доранд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов хабар дод, дар доираи ҳафтаи ҷашнгирии Рӯзи Парчами давлатӣ дар варзишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ байни толибилмони мактабҳои миёна, литсею гимназияҳо ва ҳамзамон донишҷӯёни коллеҷҳо, донишгоҳу донишкадаҳо доир гашта истодаанд.
То имрӯз мусобиқаҳо аз намуди варзиши сабук, гӯштини тарзи озод, самбо, гӯштини юнонӣ-румӣ, футбол ва карате байни духтарону писарон анҷом ёфта, мусобиқаҳо аз намудҳои дигар идома доранд.
Ҳамчунин 23 ноябр бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти маҳаллии шаҳри Хуҷанд таҳти шиори «Парчами давлатӣ -рамзи ифтихори миллӣ» мусобиқаи оммавӣ-варзишии веломарафон ва дави миллӣ дар масофаи 8 км, оғоз аз Маҷмааи таърихӣ — фарҳангии «Истиқлол» то микроноҳияи 3-юм бо иштироки васеи дӯстдорони намуди дучархаронӣ ва варзиши сабук гузаронида мешавад.
Ҳадафи ин мусобиқот, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллии кишвар, яъне Парчами давлатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






