Ба мактаббачаҳое, ки аз оилаҳои камбизоатанд, кумакпулӣ пардохт карда шуд
ДУШАНБЕ, 10.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пардохти кумакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд», яке аз тадбирҳои амалии давлату Ҳукумат дар ин самт дониста шуда, назорати чунин қарору дастурҳо зери назорати ҷиддӣ қарор гирифтааст.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бо мақсади иҷрои ин қарор дар шашмоҳаи аввали соли 2017 дар вилояти Суғд ба 29 ҳазору 19 нафар хонандагони синфҳои 1-9-и мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба маблағи 580 ҳазору 380 сомонӣ кумакпулӣ пардохт карда шудт.
Хотиррасон менамоем, ки назорати пардохти ҷубронпулию кумакпулиҳо ба оилаҳои камбизоат яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Бояд зикр намуд, ки дар асоси нақшаи кории шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо котибони комиссияҳои таъйин ва пардохти кумакпулии мактаббачагони шаҳру ноҳияҳо оид ба риояи «Қоидаҳои таъйин ва пардохти кумакпулии мактаббачагон» семинари дастурдиҳӣ гузаронида шуд.
Айни ҳол аз ҷониби комиссияҳои шаҳру ноҳияҳо оид ба таъйин ва пардохти кумакпулии мактаббачагон барои шашмоҳаи дуюми соли 2017 корҳо идома доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






