Ба мактаббачаҳое, ки аз оилаҳои камбизоатанд, кумакпулӣ пардохт карда шуд

Ноябрь 10, 2017 11:14

ДУШАНБЕ, 10.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пардохти кумакпулӣ  ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд», яке аз тадбирҳои амалии давлату Ҳукумат дар ин самт дониста шуда, назорати чунин қарору дастурҳо зери назорати ҷиддӣ қарор гирифтааст.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бо мақсади  иҷрои ин қарор дар шашмоҳаи аввали соли 2017 дар вилояти Суғд  ба  29 ҳазору 19  нафар  хонандагони синфҳои 1-9-и мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба маблағи 580 ҳазору 380 сомонӣ кумакпулӣ пардохт карда шудт.

Хотиррасон менамоем, ки назорати пардохти ҷубронпулию кумакпулиҳо ба оилаҳои камбизоат яке аз самтҳои асосии фаъолияти  Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳисоб меравад.

Бояд зикр намуд, ки   дар асоси нақшаи кории шуъбаи   ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  бо котибони комиссияҳои таъйин ва пардохти кумакпулии мактаббачагони шаҳру ноҳияҳо оид ба риояи «Қоидаҳои таъйин ва пардохти кумакпулии мактаббачагон» семинари дастурдиҳӣ гузаронида шуд.

Айни ҳол аз ҷониби комиссияҳои шаҳру ноҳияҳо оид ба таъйин ва пардохти кумакпулии мактаббачагон барои шашмоҳаи дуюми соли 2017 корҳо идома доранд.

 

 

Ноябрь 10, 2017 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад