Баррасии масъалаҳои озодии виҷдон ва диёнат дар Парлумон

Ноябрь 2, 2017 16:51

ДУШАНБЕ, 02.11.2017/АМИТ «Ховар»/. «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба масъалаҳои озодии виҷдон ва диёнат»- таҳти чунин унвон имрӯз дар Парлумони Тоҷикистон семинар доир гардид. Дар он вакилони Маҷлиси намояндагон ва  кормандони  Дастгоҳи  палатаи поёнии Парлумони мамлакат ширкат намуданд.          Муродулло Давлатов, вакили Маҷлиси намояндагон  доир ба озодии виҷдон ва диёнат дар кишвар изҳор дошт, ки дар давоми 25 соли соҳибистиқлолии  ҷумҳурӣ муносибати давлат бо дин ва сиёсати давлат нисбат ба дин якранг набуд. Аз ҷумла, дар давраи ниҳоӣ паҳн гардидани падидаи ифротгароии динӣ дар ҷомеа таъсири манфии худро на танҳо ба суботи сиёсӣ ва амнияти давлатӣ, ҳамчунин ба равобити байни давлат ва дин расонид. Масъалаи маърифати динӣ дар ин давра бисёр муҳим ба назар мерасад ва баланд бардоштани дониши динии ҷавонон метавонад омили паст гардидани ифротгароӣ дар ҷомеа гардад.

Вакили Маҷлиси намояндагон таъкид  кард, ки  бо ҳидояту роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба дастовардҳои беназир мушарраф шудем ва  ҳамаи ин хушбахтӣ ва рангорангии ҳаёти мо-ҷавонон аз баракати сулҳу ваҳдат аст. Вале мутаассифона, афроде ҳастанд, ки ба ин сулҳу субот бо чашми ҳасад менигаранд ва мехоҳанд бо ҳадафҳои касифашон ҷомеаи ороми моро ба гирдоби нооромӣ ва бесуботӣ кашанд. Мардуми тоҷик бояд имконият надиҳанд, ки мазҳабҳои ифротӣ аз хушимонии мо истифода намуда, моро ба монанди мардуми Сурия, Ироқ ва Фаластин бозичаи дасти худ гардонанд.

Ҷавонони мо бояд донанд, ки ворид шудан ба ин равияҳои ифротӣ хеҷ хидмате ба ислом набуда, балки бадном кардани номи мусулмонон ва сиёҳ нишон додани чеҳраи дини Ислом  аст.
Зикр шуд, ки ҷавонони тоҷик имрӯз бояд дар таҳкими Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ва  ободонии  кишвар собитқадам бошанд.

 

Ноябрь 2, 2017 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид