БЕҲРӮЗИ ХОҶАЗОДА ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН ОИД БА САМБО ГАРДИД!

Ноябрь 13, 2017 09:26

ДУШАНБЕ, 13.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони ҷавони тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки дар  шаҳри Сочии Федератсияи Россия баргузор гардид, дар вазни 74 кило соҳиби ҷои аввал гардид. Аз ду паҳлавони тоҷик – Беҳрӯзи Хоҷазода ва Акмалиддин Каримов, ки ба даври ниҳоии чемпионат роҳ ёфта буданд, Беҳрӯз тавонист ғолиб омада, соҳиби медали тилло шавад.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Беҳрӯзи Хоҷазода баъди 42 соли интизорӣ дастоварди ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Саидмӯъмин Раҳимовро такрор кард ва унвони чемпиони  ҷаҳон оид ба самборо ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки Саидмӯъмин Раҳимов ҳанӯз соли 1975 чемпиони ҷаҳон аз намуди самбо шуда буд.

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи дуюми чемпионат дар Сочи се медал – як тилло, як нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд.

Варзишгари дигари  тоҷик Набимуҳаммад Хоркашев дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Сочи медали  нуқра  ба даст овард. Набимуҳаммад  дар рақобатҳо  дар вазни  100 кг бар се нафар рақибонаш аз ИМА, Ӯзбекистон ва Камерун дастболо шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар финал ин самбочии тоҷик бо чемпиони 5- каратаи ҷаҳон, варзишгари мизбон Артём Осипенко рақобат намуда,  бо ҳисоби 1:0 мағлуб шуд ва сазовори медали нуқра гардид.

Медали биринҷӣ дастоварди Сорбон Латифов аст, ки дар риштаи самбои муҳорибавӣ дар вазни 62 кило соҳиби ҷои сеюм шуд.

Ин пирӯзӣ ва комёбии таърихӣ ба тамоми ҳаводорони самбо ва кулли дӯстдорони варзиш муборак бошад!

 

Ноябрь 13, 2017 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод