Бо бунёди Терминали нақлиётии нав дар Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофиркаш ба низом медарояд

Ноябрь 10, 2017 09:06

ДУШАНБЕ, 10.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар  қисми шимолии шаҳри Душанбе  Терминали  нақлиётӣ, ки идомаи бунёди терминалҳои муосири нақлиёти мусофиркашу боркашонӣ мебошад, дар масоҳати умумии 5,80 гектар бунёд хоҳад гашт. Лоиҳаи терминали муосир аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Меъморӣ ва шаҳрсозӣ” таҳия шуда, онро Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тоҷиквнештранс” бунёд менамояд. Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он 60 нафар сокинони шаҳри Душанбе соҳиби кори доимӣ мегарданд.

Дар терминал ҳамчунин анборҳои нигоҳдории молу маҳсулот, таваққуфгоҳҳо барои воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофиркаш, меҳмонхона, маркази логистикӣ, нуқтаҳои савдо ва дигар марказҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла, маркази таъмири воситаҳои нақлиёт ва дигар инфрасохтори зарурӣ бо тамоми шароити зарурӣ барои ронандагону мусофирон ва меҳмонон аз дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат фароҳам оварда мешаванд.

Ҳадаф аз бунёди терминал дар қисми шимолии шаҳри Душанбе ба низоми муайян даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофиркаш, ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт, халалдор нагаштани будубоши сокинони маҳалҳои атроф ва меҳмонон, инчунин таъмини амнияти Маркази барқу гармидиҳии Душанбе мебошад. Аз ҷиҳати дигар, бунёди терминали замонавӣ ба даромадгоҳи пойтахт ҳусну таровати тоза зам менамояд.

Хотиррасон мешавем, ки 9 ноябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо  лоиҳаи бунёди  ин Терминали муосири нақлиётӣ ва  навсозию  сохтмони  як зумра иншооти дигар дар ҳудуди ноҳияҳои Исмоили Сомонии пойтахт ва Варзоб  шинос гардиданд.

Ноябрь 10, 2017 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд