Бонуи тоҷикистонӣ дар озмуни байналмилалии зебоии «Мисс Азия 2017» мақоми аввал касб кард
ДУШАНБЕ, 25.11.2017 /АМИТ «Ховар»/ Дар шаҳри Кочини (иёлати Кералаи) Ҳиндустон бахши ниҳоии озмуни байналмилалии зебоӣ таҳти унвони «Мисс Азия 2017» баргузор гардид, ки дар он намояндагони 40 кишвари дунё ширкат варзиданд.
Дар озмун Тоҷикистонро Моҳинур Замирова, хатмкардаи риштаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ намояндагӣ намуд.
Бузургтарин озмуни байналмилалии зебоӣ «Мисс Азия-2017» ғолибони давраҳои интихобии минтақаҳои мухталифи дунёро гирди ҳам оварда буд.
Моҳинур Замирова дар ин озмун мақоми аввал касб карда, соҳиби дипломи бахшҳои «Хонуми мавриди таваҷҷуҳи бинандагон» ва «Хонум бо мӯйҳои зебо» гардид.
Дар бахши «Хонуми мавриди таваҷҷуҳи бинандагон» Моҳинур шумораи зиёди овозҳоро соҳиб шуд. Маълум гардид, ки 50 ҳазору 967 бинанда аз тамоми дунё ба ҷонибдории ӯ раъй додаанд. Дар ин замина, ӯ сарвари бахши мазкур маҳсуб ёфта, аз рақибони асосии худ- Чин ва Ҳиндустон пеш гузашт.
Тавре дар тамоси телефонӣ бо хабарнигори АМИТ «Ховар» худи Моҳинур Замирова иброз дошт, ин ғалаба мояи ифтихори ӯст, зеро ӯ аз тоҷикону Тоҷикистон намояндагӣ кардааст.
«Ғалабаи худро ба Рӯзи Парчами давлатии кишвари зебоям-Тоҷикистон ҳадя месозам», -мегӯяд Моҳинури зебо.
Лозим ба ёдоварист, ки Моҳинур ҳамчунин барандаи Тоҷи ин озмун ва сертификати унвони расмии «Мисс Азия Таджикистан-2017» гардидааст.









Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






