Дар Боку ҷаласаи ҷамъбастии амалиёти минтақавии назорати моддаҳои кимиёвӣ доир гардид

Ноябрь 30, 2017 10:41

ДУШАНБЕ, 30.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл дар Маркази минтақавии рушди институтсионалии Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук, воқеъ дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон, ҷаласаи ҷамъбастии амалиёти минтақавии назорати моддаҳои кимиёвӣ баргузор гардид.

Дар он аз  намояндагони  минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи марказӣ ва Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук оид ба ҳамлу нақли контейнерҳо Ашита Миттал ва Батир Гелдиев, намояндагони   давлатҳои аъзо, раиси Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Озарбойҷон Айдин Алиев, инчунин намояндагони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Гурҷистон, Афғонистон ва Покистон ширкат варзиданд.

Сарнозири Раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Замира Маҳкамова оид ба ҷараёни амалиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои бадастомада бо муаррифӣ дар мавзӯи «Амалиёти минтақавӣ оид ба назорати моддаҳои кимиёвӣ-1» дар доираи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи марказӣ, Барномаи ҷаҳонии UNODC ва Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук (WCO)» маърӯза кард.

Дар ҷаласа як қатор масъалаҳо, аз ҷумла, «Таҷриба ва дарсҳои аз амалиёти минтақавӣ бадастомада», «Мисолҳои амалии амалиёти минтақавии барномаи ҳамлу нақли контейнерҳо ва «Бағоҷи варзишӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз ҷониби намояндагони кишварҳои аъзои Барномаи Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук оид ба ҳамлу нақли контейнерҳо барои амалиёти минбаъда тавсияҳо пешниҳод гардиданд.

Ноябрь 30, 2017 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад