Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ҳайати эҷодии «Ҳақиқати Ленинобод» аз рӯи виҷдони касбӣ ва рисолати меҳанпарастӣ хизмати эҷодӣ намуданд

Ноябрь 13, 2017 15:28

ДУШАНБЕ, 13.11.2017 /АМИТ «Ховар»/.  «Вакилони халқ ҳозир шуданд. Дар Иҷлосия 193 нафар вакилон номнавис шуданд. Имрӯз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад. Ба кори сессия барор мехоҳем»,-навиштааст рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» («Ҳақиқати Суғд») дар шумораи №163 аз 16 ноябри соли 1992. Манзур аз ин иқтибос он аст, ки дар он рӯзҳои ҳалкунандаву тақдирсоз маҳз ҳайати эҷодии рӯзномаи вилоятӣ масъулияти инъикоси пурраву ҳамаҷонибаи ҷараёни Иҷлосияро бар дӯш дошт. Дар он лаҳзаҳои ҳассос маҳз рӯзнома, ки аз азал рисолаташ ба ҳам овардану муттаҳид гардонидани оммаи халқ, ба мардум расонидани афкори солим аст, метавонист роҳи росту дуруст нишон диҳад. Дар ҳамон рӯзҳои душвор ҳайати эҷодии ин нашрияи вилоятӣ ба вазъияти кишвар баҳои дуруст дода, дарҳол мавқеи худро аниқ кард. Он солҳо ба ҳайати эҷодии рӯзнома Файзулло Атохоҷаев, ки аз охири солҳои шастуми асри гузашта тақдирашро ба кори газета бахшидааст, сарварӣ мекард.

Мухбири АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо инъикоскунандаи бевоситаи ҷараёни Иҷлосия-сармуҳаррири онвақтаи «Ҳақиқати Ленинобод» («Ҳақиқати Суғд») Файзулло АТОХОҶАЕВ дар бобати нақши ин Иҷлосия дар тақдири мардуми тоҷик суҳбат орост. Мавсуф зимни баёни андешаҳо чунин изҳори назар кард:

«Дар халқ чунин таъбир маълуму равшан аст: «Ба тақдир тақдирҷунбон даркор»…

Агар ҳоло аз он айёми чашм бар субҳи умед доштан, аз қуллаи рӯзгори пурсаодат ва ободии кишвар эҳсосбарӣ кардан аз дидгоҳи вақт ба рӯйдоду ҳодисоти рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии ватанамон назар афканем, тафсиру тавзеҳ намоем, мебинем, ки маҳз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сароғозу саҳифаҳои тозаву пурмаънии таърихи навини миллату давлати тоҷикон ба шумор меравад.

Аз толори Қасри Арбоб ҷозибае, эҳсосе, баёни мақсаде, таъсире равшантар ба чашмҳо расид…

Чаҳоряк аср муқаддам ба рӯзҳои моҳи ноябри соли 1992 бо чашми дилу меҳру вафо менигарем: ҳамон айём ва замон ба ҳайси сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» ифои вазифа доштам. Ҳама он воқеаву рӯйдодҳои дар замони бозсозии охири солҳои 80-уми Шӯравӣ, давоми солҳои навад то аввали дуҳазоруми қарни гузашта, чӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ, чӣ ҳамонвақта вилояти Ленинобод дар саҳифаҳои ҳар шумораи рӯзнома пурраву возеҳ инъикос карда мешуданд.

Ҳоло ин саҳифаву ин шумораҳо рисолати таърихӣ доранд.

Дар шумораи 12 ноябри соли 1992 рӯзнома дар саҳифаи аввал Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 9 ноябр «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад» ба нашр расонид.

Ҳамон шумораро баъди имзо ба чоп доданӣ будем, ки маро ҷонишини котиби масъули рӯзнома Исроилҷон Исмоилов (рӯҳашон шод бод) огоҳ намуд, ки тавассути телетайп хабари оҷилӣ меомадааст, интизор шавем. Ҳамин тавр, мо Изҳороти Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтем, ки дар он, аз ҷумла, зикр мешуд:

«Тақдири мо – сокинони Тоҷикистон танҳо ва танҳо дар дасти худамон. Давлати дигаре, шахси дигаре онро ҳаллу фасл карда наметавонад».

Дар саҳифаи якуми шумораи 14 ноябри соли 1992 сар шудани бақайдгирии депутатҳо ба нашр расид. Бо ҳамин ниҳоли умеду орзу ва ормонҳои деринтизори мардуми  кишвари соҳибихтиёри тоҷик реша дар об гирифт, ки нишонаи сарсабзиву нишотбахшӣ дошт. Дар ин росто, ба хотир меоварам, ки дар ҳамон шумораи рӯзнома бо маслиҳату машварати аъзои ҳайати таҳририя мақолаи Игор Ленский, мухбири «Правда»-ро дар тарҷума чоп карда будем. Ӯ, аз ҷумла, чунин навишта буд: «Як бурда нони сиёҳро гирифта, онро ду тақсим намоед. Дар Кӯлоби имрӯза чун дар Ленингради дар муҳосирабуда сарикасӣ ҳамин қадарӣ, яъне 30-граммӣ нон мерасид, ки бо он бояд рӯз гузаронид». Дар идомаи мақолааш мухбир чунин овардааст: «Дар маркази водии Вахш баъди танаффуси тӯлонӣ заводи нонпазии шаҳри Қӯрғонтеппа ба кор даромад. Ба хонаҳои сокинон газу об омад ва чароғи барқӣ даргирифт. Дар ин замини азияткашида ниҳоят чароғаки умед равшан шуд».

Саҳарии рӯзи 16 ноябри соли 1992 дар Хуҷанд борони сим-сим меборид, ҳавои тирамоҳ салқинтар буд. Қатраҳои маҳини борон гӯё аз само бо нидову фараҳ ва нуру сафо мерехт. Мухбирони парлумонии рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», ки ин гурӯҳ аз ҳафт нафар журналистон: Ҳасанбой Шарифов, Ҳасани Порсо, Шарифxон Мамадҷонов, Исроили Рабизод (рӯҳашон шод!) ва Мазбути Воҳид, Fафури Нарзулло, Fайрат Ҳаким иборат буду банда ҳамчун сармуҳаррир аз рӯи вазифа аз майдончаи истгоҳи назди меҳмонхонаи «Ленинобод» ба воситаи автобус ҳамроҳи вакилони мардумӣ аз вилояти Кӯлоб ба Иҷлосия – ба Қасри Арбоб роҳ гирифтем.

Ҳамин минвол аз оғоз то анҷоми Иҷлосия мухбирони парлумонӣ ва рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», яъне аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 аз рӯи виҷдони касбӣ ва рисолати меҳанпарастиву мавқеи устувори худ хизмати эҷодӣ намуданд.

Хизмати рӯзнома аз он иборат буд, ки ҳар воқеаву лаҳзаҳои ҷараёни  ҷаласаҳои Иҷлосия, фикру мулоҳизоти вакилони мардумиро дуруст, шаффоф ва ҳадафмандона нашр намояд. Ҳайати таҳририяи рӯзнома вазифа, уҳдадорӣ ва фаъолияти касбии журналистонро дар доираи салоҳият, масъулияту маърифат муайян намуда буд. Дар саҳифаи аввали рӯзнома таҳти сарлавҳаи умумӣ – «Сессияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: рӯзи аввал, рӯзи дуюм… рӯзи дувоздаҳум» ва дар ҷамъбаст – «Сессияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт» мавод муфассал ва дар жанрҳои гуногуни журналистика чоп карда мешуданд. Он рӯзе, ки дар Қасри Арбоб хушнудӣ ва эҳсоси ифтихормандӣ ҳамчун бахту толеъ, покии имону виҷдон зуҳур намуд, аҳли эҷоди рӯзномаи мо (он вақт дар идора 70 нафар заҳмат мекашиданд), болидарӯҳию ифтихормандӣ доштанд: «Вакили мардумӣ аз ноҳияи Ҳисор Абдувоҳид Мирзоев дар ҷаласаи Иҷлосия пешниҳод намуд, ки ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси комиҷроияи вилояти Кӯлоб, депутати халқ Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ карда шавад. Ин таклифро депутати мардумӣ аз шаҳри Хуҷанд Ҷаҳон Набиев дастгирӣ намуд. Дар овоздиҳӣ аз 197 вакил 186 нафар ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд». Ҳамин муждаи ҳаётбахш вуҷуди аҳли эҷоди моро, ҳаққо, ки гармӣ бахшид, ба дилҳо неруи дигар овард, дидаҳоро рӯшан кард.

Аз он навиштаҳои рӯзнома, ки ҳоло ботаҳаммул шукрона мегӯем, хулосабардорӣ менамоем: дар Иҷлосия ба Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ваколати Сардори давлати тоҷикон дода шуд, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои кишвар вогузор гардид. Давлати навтаъсис ба фаъолияташ аз оштии миллӣ, халъи силоҳ, авф ва баргардонидани гурезагон, таъмини ҳуқуқҳои инсон ибтидо ва таҳкурсӣ гузошт. Сиёсати хирадмандонаи Сардори давлат назму низоми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон, дилпуркунанда ва умедбахш дилпур намуд. Бо таровату файзи оштии миллӣ дар хонадони ҳар як сокини кишвар донаи умед сабзид, нур бахшид, сафо овард.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаҳои таърихи навини тоҷикон ҳамчун рамзи Иҷлосияи наҷотбахш ва сарнавиштсоз  ворид гардид. Аз лиҳози моҳияту мазмун ва мақсад он ба Эъломияи Истиқлолияти Тоҷикистон баробарарзиш мебошад. Агар Эъломия давлатеро бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳамин давлати соҳибихтиёрро аз фаношавӣ, нестшавӣ нигоҳ дошт ва миллати тоҷикро ба роҳи саодат, баракат, қудрату устуворӣ баровард.

Суханони фарзанди дилбанду шарафманди миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро дар Қасри Арбоб ба ҳайси Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Ман ба шумо сулҳ меоварам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем», ҳамагон хуб дар хотир доранд.

Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тақдири миллати фарҳангсолору соҳибтафаккури тоҷик тақдирҷунбон гардид, зеро он роҳи наҷоти миллатро кушод, нишон дод ва ба соҳибэътиборӣ ҳидоят кард. Интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тасдиқи муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла, Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақдири миллат тафохури бузургу қавианд.

Тақдири миллати тоҷикро рӯзҳои моҳи ноябри соли 1992 равшану муайян сохт: 16 ноябр оғози ҷадиди наҷотбахшии миллат – Иҷлосияи худшиносӣ, 19 ноябри ҳамон сол дар Иҷлосия Қарори Шӯрои Олӣ дар бораи Сардори давлат интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон, лаҳзаи дар назди Парчами давлатӣ қасам ёд кардани Раиси Шӯрои Олӣ ва минбаъд аз соли 2016 ҳамасола 16 ноябр таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин рӯзҳои тақдирсоз рӯзҳои ифтихордории миллатанд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ сарчашмаи таърихӣ ва воқеист, ба он маъно, ки он мавқеи тақдирсоз дошт, ҳадафманд буд, ба ҳаёту рӯзгори мардум файзу нусрат бахшид. Дар ин росто, се рукни давлати навини тоҷикон: Истиқлолияти давлатӣ, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, Ваҳдати миллӣ абадан се вожаи ифодагари орзуву ормон, мақсаду нияти мардумони Тоҷикистони соҳибихтиёрро аён сохтаанд.

Бахту иқболи миллати тоҷик аст, ки Сарварии ин давлати зафармандро фарзанди худогоҳи миллат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда доранду бо азму субот ва фидокориҳояшон ба хонадони ҳар тоҷик, давлати Тоҷикистон сулҳу оромӣ, ободиву осудагӣ ва нерумандиву пешравӣ бахшидаву мамлакатро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд.

Саҳифаҳои замони Иҷлосияро аз рӯзнома мехонаму ҳамчун собиқадори матбуоти тоҷик тафаккурамро сайқал мебахшам – имрӯз мо бо шоҳроҳе равонем, ки бунёдаш дар ҳамин Иҷлосия гузошта шуда, ташаббусҳо, ҳидоятҳо ва сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро  ҳидоятгаранд».

 

 

 

 

Ноябрь 13, 2017 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Гумрукчиёни тоҷик дар Суғд беш аз 500 ҳазор дона маводи тарфгариро ошкор намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар пойтахт Лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ. Бахшида ба он дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баррасӣ шуданд
Масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуданд
Пойгоҳҳои базавии мустақил — барои корхонаю фабрикаҳо
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад