Дар Кореяи Ҷанубӣ Форуми «Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон» доир гардид
ДУШАНБЕ, 03.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи анҷоми парвози техникӣ ҷиҳати ифтитоҳи хатсайри Душанбе-Сеул, ки 31 октябри соли равон ширкати «Сомон Эйр» анҷом дод, аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ дар шаҳри Сеул ба доираҳои васеи ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонон имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, дар Форум маводи иттилоотию таблиғотии ширкатҳои сайёҳӣ ва осоишгоҳу табобатгоҳҳои Тоҷикистон, маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ ва мусаввараҳо ба намоиш гузошта шуда, санъати волои навозандагӣ ва рақси тоҷикӣ пешниҳод карда шуд.
Иштирокчиёни ҷамъомад аз Намоишгоҳ ва ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик таассуроти амиқ бардошта, ба он баҳои баланд доданд.
Аз ҷониби иштирокчиён таъкид гардид, ки Тоҷикистон воқеан ҳам дорои захираҳои бузурги сайёҳӣ буда, биҳишти рӯи замин мебошад.
Ҳамзамон ҷиҳати ҷалби сайёҳони Кореяи Ҷанубӣ ба Тоҷикистон мулоқоту гуфтушунидҳо анҷом дода шуда, ҳавасмандии ҷониби Корея ба сайру саёҳати Тоҷикистон изҳор карда шуд.
Ҷонибҳо барои густариши ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






