Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷараёни иҷрои Буҷети давлатӣ натиҷагирӣ гардид
ДУШАНБЕ, 24.11.2017 /АМИТ«Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Маҷлиси намояндагон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи «Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» дар 9 моҳи соли 2017 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷӯрахон Маҷидзода зикр кард, ки бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» дар 9 моҳи соли 2017 аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади идоракунии самараноки молияи давлатӣ ва таъмини сифатноки буҷети давлатӣ корҳои муайян ба анҷом расонида шудаанд. Зикр шуд, ки мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Вазорати молия, соли 2017 барои пешбурди фаъолият ва иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ вогузоршуда, дар буҷети ҷумҳуриявӣ 23,9 млн. сомонӣ ҷудо гардидааст. Аз ин маблағ барои музди меҳнат 11,0 млн. сомонӣ, хариди молҳои техникӣ 4,5 млн. сомонӣ, захираҳои моддию молӣ 1,6 млн. сомонӣ, хароҷоти ҷорӣ ва таъмири ҷорӣ 3,2 млн. сомонӣ ва дигар хароҷот 3,6 млн. сомонӣ пешбинӣ карда шуда, иҷрои он дар 9 моҳи соли ҷорӣ 15,9 млн. сомонӣ ё 66 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Тибқи тафтишу санҷишҳои дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва сохторҳои он аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомдода, барои содир намудани камбудиҳои молиявӣ нисбат ба 13 нафар шахсони масъул ҷазои интизомӣ татбиқ карда шуд.
Дар назди ҳозирин ҳамзамон раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода ва дигар масъулини соҳа гузориш доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






