Дар маркази ноҳияи Файзобод ливои бахту саодат насб гардид

Ноябрь 24, 2017 16:14

ФАЙЗОБОД, 24.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар ноҳияи Файзобод бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 1000 нафар ҷавонон  роҳпаймоии бошӯкуҳ доир гардид. Ба ифтихори  ин рӯзи таърихӣ бо иштироки меҳмонону сокинон дар назди бинои  ҳукумати ноҳия дар баландии 30 метр байрақи Тоҷикистон бо саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ насб гардид.

Дар ҷамъомади  тантанавӣ ба муносибати Рӯзи   Парчами давлатӣ раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода гуфт, ки «имрӯз дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ, печидатар гардидани  вазъи сиёсии ҷаҳон, авҷ гирифтани терроризми байналмилалӣ, дар ҳар канори дунё сар баровардани ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ки ба ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра хатар эҷод мекунанд, ҳар як сокини мамлакат, хусусан насли ҷавонро зарур аст, ки бо шукрона аз файзи  истиқлолу озодии кишвар ва дастовардҳои миллат зери Парчами давлатӣ беш аз пеш муттаҳидтару  якдил гардида, баҳри боз ҳам ободу зебо ва шукуфонтару шуҳратманд  гардидани Тоҷикистон  кӯшиш намоянд. Ҳифзи парчами давлатӣ, муқаддасу гиромӣ доштани он қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост».

Ҳамчунин баҳри болидахотирии сокинон ба ифтихори ин рӯзи муборак дар Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки ҳунармандону  сарояндагон консерти идона баргузор гардид.

Ноябрь 24, 2017 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад