Дар Остона масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар баррасӣ гардид

Ноябрь 8, 2017 15:28

ДУШАНБЕ, 08.11.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон вохӯрии ҷамъбастии тарафҳои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ доир ба ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар баргузор гардид.

Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд,  дар вохӯрӣ муовини Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид – Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов, намояндагони кишварҳои Тоҷикистон, Россия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Ҳайати Тоҷикистонро директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти адлия Шерхон Салимзода роҳбарӣ намуд.

Ба ҳайати Тоҷикистон инчунин намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ шомил буданд.

Дар вохӯрӣ масоили тамоюлҳои нав ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, маводи психоактивии нав, маблағҳои ғайриқонунӣ, мубориза бар зидди маблағгузории терроризм ва пойдории Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ (ММҲИОМ) дар минтақа баррасӣ гардид.

Дар ҷамъомад директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба аҳамияти хосаи лоиҳаи “Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ” (ММҲИОМ) дар самти муқовимат ба хатари паҳншавии маводи нашъаовар сухан гуфт. Зикр гардид, ки ММҲИОМ саҳми арзандаи худро дар тақвияти назорат аз болои истеҳсол, истеъмол ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо дар Осиёи Марказӣ мегузорад.

Дар даҳ соли фаъолияти худ ММҲИОМ ба натиҷаҳои назаррас ноил гашта, имрӯз дар минтақа сохтори ягонаи самараноки иттилоотии ҳамоҳангсоз дар мубориза бар зидди муомилоти маводи нашъаовар маҳсуб мешавад.

 

 

Ноябрь 8, 2017 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад