Дар Парлумони Озарбойҷон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Иҷлосияи XVI таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 09.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябри соли равон бо ташаббуси Cафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Парлумони Ҷумҳурии Озарбойҷон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешаванд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод, дар робита ба ин субҳи имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ба шаҳри Боку парвоз намуд.
Ба иттилои манбаъ, дар чорабинии сатҳи байналмилалӣ суханронии роҳбарияти Парлумони Озарбойҷон, раиси Кумита оид ба умури байналхалқӣ ва байнипарлумонии Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон Самед Саидов, раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Озарбойҷону Тоҷикистон Айдон Мирзозода дар назар дошта шудааст.
Интизор меравад, ки дар доираи чорабинӣ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон намоиши китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, намоиши аксҳо бахшида ба таърихи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолиятро ташкил намояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






