Дар Рашт бахшида ба рӯзи қабули Конститутсия ҷаласаи тантанавӣ доир шуд
РАШТ, 04.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз ба муносибати рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт бо иштироки роҳбарияти ноҳия, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва омӯзгорону донишҷӯён ҷамъомади тантанавӣ доир шуд. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Раиси ноҳия Қаноатшо Холиқ зикр намуд, ки «Конститутсия дар худ орзуву омоли чандинасраи халқи худогоҳу хештаншиносро баҳри бунёди ҷомеаи адолатпарвар инъикос намудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои устувории соҳибихтиёрӣ, пойдории ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, суботи сиёсӣ, таъсиси низоми самарабахши мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ба миён омадани рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими ғояҳои инсондӯстона дар тафаккури ҷомеа, татбиқи асли ба се шоха ҷудо шудани ҳокимият ва шинохти Тоҷикистон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ нақши созгору таърихӣ дорад».
Дар ҷамъомади тантанавӣ аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ, омӯзгорон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дар доираи ин санади тақдирсоз барои таҳкими пояҳои истиқлолият ва пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳо шунида шуданд.
Нозири шуъбаи хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони РВКД дар минтақаи Рашт Садриддин Икромов гуфт, ки «Конститутсия тамомияти арзии мамлакат, муттаҳидӣ, озодӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандонро ҳимоя мекунад. Инчунин ба танзим даровардани ҳаёти шаҳрвандон дар асоси нишондодҳои қонуни асосии мамлакат имконият медиҳад, ки ҳаёти хушбахтонаи сокинони мамлакат таъмин гардида, дар баробари ин барои ободиву сарсабзиҳои давлати соҳибистиқлоламон заминаи устувор гузошта шавад».








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






