Дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон таълимоти муштараки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону кишварҳои узви СААД баргузор мешавад

Ноябрь 17, 2017 16:37

ДУШАНБЕ, 16.11.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши ниҳоии омӯзиши муштараки қувваҳои мусаллаҳи дастаҷамъонаи СААД ҷараён дорад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз пойгоҳи «Ҳарбмайдон»-и Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ, наздикии сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон иттилоъ медиҳад.

Бинобар иттилои манбаъ, таълимоти фаврию стратегии «Бародарии ҳарбӣ — 2017» моҳи апрели соли равон бо бозии расмии  Ситоди муттаҳида, Котибот ва гурӯҳҳои фаврӣ, вазорату идораҳои ҳавасманди давлатҳои узви СААД бо иштироки Шӯрои доимии Созмон дар истгоҳи Маркази академияи ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия  шурӯъ гардид.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки бахши хотимавии маҷмӯи чорабиниҳои омӯзишии «Бародарии ҳарбӣ-2017»-ро омӯзиши муштараки қувваҳои дастаҷамъонаи СААД,  ки дар 6 пойгоҳи ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гузаронида шуданд, ташкил намуд.

Дар бахши хотимавӣ Котиби генералии СААД Юрий Хачатуров, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Шералӣ, роҳбари Ситоди муттаҳидаи СААД Анатолий Сидоров ва дигар кишварҳои узви ин Созмон ширкат доранд.

Ҷузъҳои ҳарбии қувваҳои зудамалкунандаи дастаҷамъонаи СААД ва қӯшунҳои муттаҳида вазифаҳоро  ҷиҳати ташкили иктишофҳои ҳавоии ҳудуди наздисарҳадӣ, бастани сарҳади давлатӣ, маҳви гурӯҳҳои шартии мусаллаҳ иҷро мекунанд.

Дар хатми фаъолияти амалӣ қисмҳои мототирандозӣ, артиллерия, десантӣ-ҳавоӣ ва дигар қисмҳои Қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои СААД иштирок меварзанд.

Муваффақияти амалиёт зимни истифодаи маҷмӯии қисмҳои муборизаи радиоэлектронӣ, радиатсионӣ, кимиявӣ ва ҳифзи биологии қӯшунҳои муҳандисӣ,  алоқа ва дигар навъҳои таъминот ҳамаҷониба ба даст меояд.

Хусусияти вижаи омӯзиш, аз он иборат аст, ки дар он ҷузъиёти авиатсионӣ, бо шумули тайёраҳои авиатсияи стратегии  ТУ-95 ҚМ ФР, дар ҳамҷоягӣ бо тайёраҳои СУ-30 ҚМ Қазоқистон, ҳамчунин маҷмӯи мушакҳои  Искандар истифода мешаванд.

Тавре хабарнигори мо иттилоъ медиҳад, дар ин таълимот иштироки беш аз 5 ҳазор кормандони ҳарбӣ, 60 тайёра ва чархбол, 1,5 ҳазор воҳид аслиҳаи ҳарбӣ ва техникаи махсус роҳандозӣ гардидааст.

Ноябрь 17, 2017 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад