Дар Женева ҳунару хӯрокҳои миллӣ ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Ноябрь 22, 2017 16:52

ДУШАНБЕ, 22.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябри соли 2017 дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Женева ҷамъомади ҳарсолаи хайриявӣ — «Бозори СММ» барпо гардид. Намояндагии доимии Тоҷикистон ҳам дар баробари дигар намояндагиҳои дипломатии кишварҳои ҷаҳон дар назди СММ дар ҷамъомади мазкур фаъолона иштирок намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ба меҳмонон намунаҳои ҳунари миллии Тоҷикистон, хӯроки миллӣ, инчунин маълумот дар бораи имкониятҳои сайёҳии кишвар пешниҳод гардид.

Бояд зикр намуд, ки лавҳаи Тоҷикистон дар ин ҷамъомад таҳти унвони «Соли 2017 — соли ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ гардида, ба иштироккунандагон оид ба аҳамияти ин ташаббуси Президенти кишварамон маълумот дода шуд.

 

 

Ноябрь 22, 2017 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад