Дастаи Бонки миллӣ ғолиби Ҷоми «Раиси шаҳри Душанбе» гардид
ДУШАНБЕ, 18.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми «Раиси шаҳри Душанбе», ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни дастаҳои вазорату идораҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳои пойтахт дар майдончаҳои хурди Майдони марказии ҷумҳуриявӣ аз 20 октябр то 16 ноябр идома дошт, анҷом ёфт.
Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур, дар қатори 48 дастаи футболбозони ғайрикасбӣ, дастаи футболи хурди Бонки миллии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуда, ба комёбии назаррас ноил гардид. Дар бозии финалӣ, ки 16 ноябр миёни дастаи футболи хурди Бонки миллии Тоҷикистон ва дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ҳисоб дар вақти асосӣ кушода нашуд ва баъдан бо силсилаи зарбаҳои шашметра дастаи Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳисоби 7:6 бар дастаи Вазорати корҳои дохилӣ ғолиб шуд. Ҳамин тариқ, шумораи ҷомҳои дастаи футболи хурди Бонки миллии Тоҷикистон афзун гашт.
Дар қисмати ҷамъбастии сабқат, ғолибони мусобиқаро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Тоҷиддин Саидзода бо Ҷоми «Раиси шаҳри Душанбе», медалу диплом ва туҳфаҳои моливу пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардониданд.
Қобили зикр аст, ки унвони «Муҳофизатгари беҳтарин»-и мусобиқаро футболбози дастаи БМТ Акбар Муҳаммедов, «Дарвозабони беҳтарин»-ро Эраҷ Ҳурматов аз дастаи «Динамо»-и ВКД ҶТ, «Ниммуҳофизатгари беҳтарин»-ро Темур Исмоилов аз дастаи «Формула – 55», «Бозингари беҳтарин»-ро Тоҷиддин Саидзода аз дастаи МИҲД шаҳри Душанбе ва «Нишонзани беҳтарин»-ро Рамазон Раҳимзода аз дастаи «Динамо»-и ВКД ҶТ соҳиб гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми «Раиси шаҳри Душанбе» бори нахустин гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории сабқати мазкур амалӣ намудани Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ба воситаи футбол, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни кормандони вазорату идораҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳои шаҳри Душанбе ва муайян намудани футболбозони беҳтарин аз байни кормандони идораҳои мазкур мебошад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






