ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ДАР СУҒД: Хуҷанд — дар зинаи охирин
ХУҶАНД, 2.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 1 октябр дар ҷумҳурӣ маъракаи даъвати тирамоҳӣ оғоз ёфт. Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла, вилояти Суғд низ корҳои сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бомаром ҷараён дорад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз комиссариати ҳарбии вилоят иттилоъ доданд, то 30 октябр дар миқёси вилояти Суғд маъракаи даъвати ҳарбӣ 90,1 дарсад иҷро гардидааст. То имрӯз аз 18 минтақаи вилоят 10 шаҳру ноҳия, аз ҷумла, Зафаробод, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Мастчоҳ, Айнӣ, Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳро сарбаландона пеш аз муҳлат иҷро намудаанд. Дар ин замина масъулини комиссариати 8 шаҳру ноҳияҳои боқимондаи вилоят низ азм доранд рӯзҳои наздик маъракаи даъвати тирамоҳиро ба анҷом расонанд.
Ҳамзамон бояд гуфт, ки то имрӯз дар байни 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят шаҳри Хуҷанд бо иҷрои 62 фисад дар зинаи охирин қарор дорад. Ҳол он ки чанде пеш роҳбарияти шаҳр дар яке аз ҷаласаҳо масъулини соҳа, хосатан раисони кумитаҳои маҳаллаҳои маркази вилоятро вазифадор намуда буд, ки то 1 ноябр маъракаи даъватро анҷом диҳанд.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






