Дилшод Назаров дар рейтинги ҷаҳонии варзиши сабук зинаи 5-умро соҳиб шуд!

Ноябрь 23, 2017 11:23

ДУШАНБЕ, 23.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш сомонаи all-athletics.com рейтинги беҳтарин намояндагони варзиши сабуки ҷаҳонро ба нашр расонид. Мувофиқи он варзишгари  маъруфи тоҷик, чемпиони бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров дар рейтинги ҷаҳонии варзиши сабуки ИААФ миёни гурзандозон мақоми 5-умро ишғол намудааст.

Дар зинаи аввали рейтинг Павел Файдек бо 1362 имтиёз, зинаи дуюм- Войсех Новитский бо 1288 имтиёз (ҳарду аз Полша), ҷойи сеюм- Квентин Бигот бо 1256 имтиёз (Франсия) ва дар мақоми чорум Валерий Пронкин  бо 1249 имтиёз (Россия) қарор гирифтаанд.

Аз дастовардҳои Дилшод Назаров, ки дар ин раддабандӣ ба назар гирифта мешаванд, медали тиллои Бозиҳои олимпӣ, медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон, медали тиллои Бозиҳои Осиё ва чемпионатҳои Осиё, медали нуқраи Чемпионати Осиё ва медали нуқраи Ҷоми Осиё ба ҳисоб гирифта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки  рекорди шахсии Дилшод Назаров — 80.71 метр мебошад, ки ба ин нишондиҳанда дар шаҳри Халли Германия моҳи майи соли 2013 ноил гардида буд.

Дар мавсими имсола натиҷаи беҳтарини ӯ — 77.81 метр мебошад, ки ба он  моҳи июн дар мусобиқаи Острава (Чехия) мушарраф гардид.

 

 

Ноябрь 23, 2017 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад