ЭҲТИРОМИ ПАРЧАМ – ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ АСТ. Парафшонии ливои миллӣ эҳсоси худшиносию арҷгузорӣ ба арзишҳои олии ватандориро бедор месозад

Ноябрь 20, 2017 16:46

ДУШАНБЕ, 20.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст. Парчами миллат дар қатори дигар муқаддасот рамзи давлату давлатдорӣ ва нангу номуси миллӣ мебошад.

Парчам дар забони адабии ҳозираи тоҷик ҳамчун истилоҳ ба маънои ливо, байрақ, дирафш ва рамзи давлатӣ омадааст. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» навишта шудааст, ки парчам ин пӯпаки абрешимиест, ки ба нӯги байрақ мебастанд.

Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон мерос монда, пайдоиши парчам таърихи хеле қадимӣ дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардуманд.

Рамзҳо хеле гуногунанд, мисли парчам, нишон, суруди миллӣ, мӯҳри давлатӣ ва ғайра. Дар ин миён парчам ҳамчун рамз таърихи хеле бою рангин ва қадимиро дорост. Парчам бо мурури замон ва гузашти айём ҳамчун яке аз рамзҳои асосии давлату миллат ончунон мавқеи худро устувор кардааст ва мазмуну моҳияти муҳим касб намудааст, ки имрӯз мавҷудияти ҳеҷ як давлат, озодӣ ва истиқлоли онро бидуни парчам наметавон тасаввур намуд.

Дар таърихи қадимии рамзҳо парчам ба рамзи пирӯзӣ ва сипас ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфта буд. Ҳар шахсе ба қудрат мерасид, соҳиби тахту салтанат мегашт, тоҷи шоҳӣ ба сар мениҳод, парчамро азизу муқаддас медонист ва онро баланд меафрохт. Дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ Шоҳ Фаридун парчами худро бо сангҳои қиматбаҳо ва тасвири ситораи чоргӯшаи тиллоӣ ва шилшилаҳои (лентаҳои) сурх, зард ва бунафш оро дода, онро «Дирафши Ковиёнӣ» номид. «Дирафш» аз вожаи дирафшидан, дурахшидан, рӯшноӣ додан, партавафкандан ва тобидан сохта шудааст ва ба маънои парчам, алам, аломату байрақ омадааст.

Пас аз пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳуриҳои иттифоқ, аз ҷумла, Тоҷикистон марҳилаи нав оғоз ёфт. Ҷумҳуриҳои иттифоқ давлатҳои соҳибистиқлолу озод гардиданд ва ин боис шуд, ки ҳар давлати мустақил парчами худро ҳамчун рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ қабул кунад.

24 ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард ва бо ҳамин дар таърихи парчамдории тоҷикон саҳифаи нав оғоз шуд. Маҳз дар ҳамин рӯз кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид.

Парчами миллии мо дар радифи Конститутсия, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти асосии давлатӣ маҳсуб меёбад.

Парчами давлатии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он бо рахи поёнӣ- сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Рӯи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал расми тоҷи тансиқшуда ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира кашида шудаанд. Мутобиқати бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

Ранги сурх дар парчами мо – ин рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – рамзи покӣ, озодагӣ, роҳи сафед ва бахту иқболи нек, ранги сабз – рамзи ҳаёт, сарсабзиву хуррамӣ, созандагиву бунёдкорӣ мебошад. Дар парчам инчунин тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шудааст. Тоҷ – рамзи шукӯҳу шаҳомат, рамзи давлат, соҳибдавлатӣ ва истиқлолият аст.

Хулоса, дар ҳама давру замонҳо парчам чун рамзи давлат, салтанат, ғуруру ифтихор аз даст ба даст мегузашт. Зери парчам-чун нишони муттаҳидӣ, озодӣ ва истиқлол сипаҳсолорон лашкарро аз майдони ҳарбӣ мебурданд ва ғолиб мешуданд. Пеш-пеши лашкар ва барои дар сафи пеши лашкар устувор доштан ва пеш бурдани лашкар сарбози далеру шуҷоъ ва тануманду ҷасурро интихоб мекарданд, ки ӯро маъмулан парчамдор, аламбардор ва ё байрақбардор мегуфтанд.

Ин вазифаи ифтихорӣ ва масъул буд, ки ба шахсони далеру ватандӯст бовар карда мешуд. Ҳар як ҷузъу томи артиш, лашкар, қисми ҳарбӣ агар ба забони имрӯза гӯем (дивизия, армия, фронт), парчами худро дошт ва ҳоло низ ҳамин тавр аст. Ҳар қалъа низ парчами худро дошт. Ҳангоми амалиёти ҳарбӣ парчам чун рамз ва нишони озодӣ, далерӣ, нангу номус ва шараф ҳифз ва эҳтиёт карда мешуд. Агар лашкар дар муҳориба шикаст хӯрад, парчами худро аз даст диҳад – чун нишони нанговару шармовар он қисми ҳарбӣ пароканда ва сарбозонаш ба қисмҳои дигар интиқол дода мешуд.

Соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр Рӯзи парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи муборак ҳамасола бо шукӯҳу тантана таҷлил мегардад.

Парафшонии Парчами миллӣ дар баландии 165 метр дар пойтахти кишвари азизамон- шаҳри Душанбе боиси ифтихори ҳар фарди ватандӯсти мамлакат гардид. Бешубҳа, қомат афрохтани Парчами миллӣ, ки баландтарин дар ҷаҳон аст, бо маҷмӯи биноҳои маъмурию фарҳангӣ ба шаҳри Душанбе ҳусну зебоии тоза бахшида, мавзеи ҷойгиршавии онро «Майдони парчам» номгузорӣ намуданд.

2 апрели соли 2014 бо ибтикори раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар хиёбони Раҳмон Набиев, дар рӯ ба рӯи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Тоҷикистон бар пояи баландиаш 55 метр парафшон карда шуд. Моҳи июни соли 2016 дар  маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-шаҳри Хоруғ Парчами миллӣ бо паҳноии 4,8 метр, дарозии 32 бо баландии 30 метр, инчунин моҳи октябри соли 2016 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо андозаи 14 ба 7 метр, дар марказҳои ноҳияҳои Спитамен, Зафаробод ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо иштироки ҳазорҳо нафар сокинону меҳмонон парчамҳои давлатӣ барафрохта шуданд.

Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Бразилия медали тилло ба даст овард ва парчамбардори Тоҷикистон дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид. Давоми солҳои охир даҳҳо ва садҳо нафар ҷавонону варзишгарони тоҷик, чун Анвар Юнусов, Мавзуна Чориева, Ҷаҳон Қурбонов, Кристина Пронженко, Мурод Тӯйчиев, Комроншоҳи Устопириён, Хуршед ва Абдусалом Ҳасановҳо, Асрор Воҳидов, Беҳруз Хоҷазода ва дигарон дар чемпионатҳои бонуфузи байналмилалӣ, Осиё ва Осиёи Марказӣ ғолибият ба даст оварданд. Дар ин мусобиқаҳо ба ифтихори ин ғолибон Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода, Парчами Тоҷикистон боло бардошта мешавад.

Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва моҳияти мушаххаси идеологӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоиву сиёсиро бар дӯш доранд. Бо эҳсосоти баланд муносибат намудан ба рамзҳои давлатӣ ифодаи муҳаббат ба Ватан аст. Табиатан ҳар инсоне, ки дар дилу дидааш меҳри Ватан ҷой дорад, парафшонии ливои миллӣ ба ӯ эҳсоси худшиносию арҷгузорӣ ба арзишҳои олии ватандорӣ мебахшад. Чунончӣ, ҳангоми садо додани Суруди миллӣ таппиши қалбҳоямон дигаргун мешавад, вуҷудамонро ифтихор ва шодиву сурур фаро мегирад. Борҳо дидаем, ки ҳангоми боло бардоштани Парчами миллӣ ба ифтихори ғолибият дар мусобиқаҳои варзишии байналхалқӣ аз чашмони варзишгарони ғолиб ашки шодӣ мерезад.

Истифодаи рамзҳои давлатӣ дар  тарбияи насли наврас аҳамияти муҳим дорад, зеро дар ҷараёни тарбия моҳияти рамзҳои давлатӣ, ҳокимияти давлатӣ, хусусияти фарқкунандаи он дар муқоиса бо дигар давлатҳо ба наврасон ва ҷавонон (ва ҳатто ба кӯдакон) фаҳмонида  мешавад. Бо ин роҳ ифтихори ватандории онҳо боло бардошта мешавад.

Дар ин росто 12 октябри соли 2016 вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Тибқи ин тағйирот, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рамзҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад, дар биноҳои маъмурию иҷтимоӣ, маишӣ, корхонаҳо ва манзилҳои шаҳрвандон бо ифтихор партавафшонӣ мекунад. Яъне дар паи ин тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маконҳои истифодаи Парчами давлатӣ дар кишвар васеъ гардонида мешаванд, ки ин ба ташаккули худшиносии миллӣ ва ифтихор аз миллату давлатдорӣ мусоидат менамояд.

Тарғиби васеъ ва дарки амиқи моҳияту мазмуни рамзҳои давлатӣ бо риояву амалӣ намудани масъалаҳои зайл имконпазир мегарданд:

-пеш бурдани сиёсати босамари давлатӣ дар мавриди шинохт ва истифодаи рамзҳои давлатӣ, ки ба муттаҳидшавии ҷомеаи тоҷикон мусоидат мекунад;

-баланд бардоштани донишҳои иттилоотии мардум нисбат ба рамзҳои давлатӣ;

-эҷоди муҳити созгор дар масъалаи омӯзишу дарки моҳияти  рамзҳои давлатӣ дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо;

-тавассути воситаҳои ахбори омма ташаккул додани равобиту ҳамгироии мустаҳкам байни мардум ва рамзҳои давлатӣ;

-дарёфт ва истифодаи роҳҳои гуногуни ҳавасмандкунии иҷтимоии мардум дар масъалаи  истифодаи рамзҳо ва ғайра.

Фаридун ҲОДИБОЕВ,

 мудири шуъбаи тарбияи

ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,

                             номзади илмҳои фалсафа

Ноябрь 20, 2017 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Гумрукчиёни тоҷик дар Суғд беш аз 500 ҳазор дона маводи тарфгариро ошкор намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар пойтахт Лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ. Бахшида ба он дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баррасӣ шуданд
Масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуданд
Пойгоҳҳои базавии мустақил — барои корхонаю фабрикаҳо
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад