ФУТБОЛ: дастаи «Панҷшер» дар лигаи олӣ боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 29.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар бозии ҷавобии гузариш дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро дар майдони худ бо ҳисоби 3:2 шикаст дод, мавқеашро дар лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли оянда нигаҳ дошт.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бозии ҷавобӣ барои ҳаққи ширкат ба Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими соли 2018 дар варзишгоҳи ба номи Уктам Маматови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор шуд. Дастаи футболи «Панҷшер», ки дар мусобиқоти имсолаи Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ мақоми ҳафтумро касб намуд, бо барандаи медалҳои нуқраи лигаи аввал- дастаи футболи «Эсхата»-и Хуҷанд рақобат кард. Мизбонон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуданд. Голҳои Ҳасан Холов, Алишер Салимов ва Фаррух Фузайлов дар ин бозии муҳим ба дастаи «Панҷшер» пирӯзӣ оварданд. Бозии аввал миёни ин дастаҳо, ки 22 ноябр дар шаҳри Хуҷанд доир шуда буд, бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расидааст.
Дастаи «Панҷшер», ки аз рӯи натиҷаҳои ду бозӣ бар дастаи «Эсхата» ғолиб омад, мавқеашро дар лигаи олӣ нигаҳ дошт. Дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор, ки дар мусобиқоти имсолаи лигаи олӣ дар мақоми охирин қарор гирифт, лигаи олиро тарк карда, соли оянда дар лигаи аввал ширкат меварзад.
Дастаи ғолиби мусобиқоти лигаи аввали Тоҷикистон дар соли 2017 дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳаққи ширкат дар мусобиқоти лигаи олӣ дар мавсими нав мушарраф шуд.








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод






