ФУТБОЛ: то бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Яман шаш рӯзи дигар боқӣ мондааст
ДУШАНБЕ, 08.11.2017./АМИТ «Ховар»/. Бозии интихобии даври 5-уми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Яман 14 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад. Оғози бозӣ – соати 16.00.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мусобиқаи Ҷоми Осиё-2019 оид ба футбол аз 5 январ то 1 феврали соли 2019 дар 8 варзишгоҳи муҳташами Аморати Муттаҳидаи Араб доир мегардад. Рақобатҳои марҳилаи интихобӣ барои баромадан ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 аз се марҳила иборатанд. Дар даври ниҳоии мусобиқоти мазкур бори аввал 24 дастаи мунтахаби ин қора ҳуқуқи иштирок кардан доранд. То ҳоло 15 дастаи мунтахаби Осиё, ки дар даври ниҳоии мусобиқот иштирок мекунанд, маълуманд. Аз ҷумла, Аморати Муттаҳидаи Араб (мизбон), Ироқ, Эрон, Қатар, Сурия, Арабистони Саудӣ, Австралия, Чин, Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Таиланд, Ӯзбекистон (ҳамаи ин дастаҳои мунтахаб пас аз марҳилаи дуюм ба Ҷоми Осиё-2017 роҳ ёфтанд). Дастаҳои мунтахаби Фаластин, Уммон ва Ҳиндустон дар ҷараёни марҳилаи сеюми интихобии ин мусобиқот роҳхат ба даст оварданд. Боз 9 дастаи мунтахаби дигар дар идомаи рақобатҳои марҳилаи сеюми интихобии Ҷоми Осиё-2019 маълум мегарданд. Аз гурӯҳҳои марҳилаи 3-юми интихоби Ҷоми Осиё-2019 2 дастаи пешсаф роҳхати марҳилаи ниҳоиро ба даст меоранд.
Пас аз ҷамъбасти 4 даври рақобатҳо дар гурӯҳи «F» дастаи мунтахаби Филиппин бо касби 8 имтиёз садрнишини гурӯҳ аст. Дастаҳои мунтахаби Яман ва Тоҷикистон бо касби 6 имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дуюму сеюм мавқеъ гирифтаанд. Зеро дастаи миллии мо дар бозии байнихудии ин дастаҳои мунтахаб 28 марти соли 2017 бо ҳисоби 2:1 мағлуб шуда буд. Дастаи 4-уми гурӯҳ Непал бо 1 имтиёз дар зинаи охирин қарор дошта, имкони баромадан ба Ҷоми Осиё-2019-ро қариб пурра аз даст додааст.
Аз ин рӯ ба футболбозони дастаи мунтахаби Тоҷикистон зарур аст, ки дар ин дидори ҳассосу муҳим танҳо зафар ёбанд. Беҳтар мешуд футболбозони тоҷик бо фарқияти ду тӯб ғалаба кунанд. Дар ин сурат метавонем бори аввал дар замони соҳибистиқлолии кишвар дастаи мунтахаби асосии Тоҷикистонро дар даври ниҳоии Ҷоми Осиё бубинем.








НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд






