ХОҲИШМАНДЕМ ДУРУСТ РАФТОР КУНЕД! КФО «Истиқлол» – ро ба маблағи 21 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима кард
ДУШАНБЕ, 01.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол- дастаи «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе бо сабаби рафтори бархе аз мухлисонаш дар бозиҳои ниҳоии байниминтақавии Ҷоми КФО-2017 ба маблағи калон ҷарима карда шуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, кумитаи назорат ва тафтишоти КФО “Истиқлол” — ро 7 500 доллари ИМА ҷарима баст. Ин маблағ аз ҷониби бошгоҳ барои рафтори як мухлис дар бозии ниҳоии байниминтақавӣ бо “Бенгалуру” (1: 0) пардохта мешавад. Дар ин дидор як мухлиси «Истиқлол» дар охири бозӣ шишаи пластикиро ба майдон партофт.
Чунин амали мухлисон бори аввал ба қайд гирифта нашудааст. Дар бозии марҳилаи гурӯҳӣ бар муқобили тими «Алай» (3: 1) яке аз мухлисони дастаи пойтахт ба майдони Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баромад, ки барои ин амал дастаи «Истиқлол»-ро мақомоти интизомӣ ба маблағи 8 ҳазор доллар ҷарима бастанд.
Дар маҷмӯъ, дастаи «Истиқлол» дар мавсими имсолаи Ҷоми КФО барои рафтори мухлисони хеш дар бозиҳои хонагӣ 21 ҳазор долларро ҳамчун ҷарима пардохт намудааст.
Дар робита ба ин ҳодисаҳо, «Истиқлол» тавассути сомонаи расмии худ ба мухлисон муроҷиат кардааст, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Мо дар ҳақиқат аз дастгирии мухлисони худ, ки варзишгоҳро пур мекунанд ва воқеан 12-ум бозингари дастаи мо мебошанд, миннатдорем. Ҳузури Шумо ба бозингарони мо барои ғалаба дар ҳақиқат неру мебахшад. Барои «Истиқлол» бозии басо муҳим -финали Ҷоми КФО-2017 дар пеш аст. Бо шарофати дар арсаи байналмилалӣ ба даст овардани муваффақият аз ҷониби дастаи мо Тоҷикистон макони баргузории бозии ниҳоии мусобиқаи бонуфуз мегардад. Барои тамошои ин бозӣ ба Тоҷикистон меҳмонони сершумор меоянд. Аз ин рӯ, мо ҳамаи шумо, тамошобинони муҳтарамро ба рафтори дуруст зимни тамошои бозӣ, риояи меъёрҳои рафтор дар варзишгоҳ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ даъват менамоем. Ҷазоҳои минбаъда аз сабаби рафтори нодурусти бархе мухлисон метавонанд ба ҷаримаҳои вазнин оварда расонанд.
Дастаи футболи «Истиқлол» чунин мешуморад, ки аз рафтор ва амали бархе аз мухрисон ҳазорҳо мухлисони кишвари мо набояд азоб кашанд», — омадааст дар сомонаи расмии дастаи «Истиқлол» — и Душанбе.








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






