Ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло дар бахши назми Озмуни ҳафтаномаи «Тоҷикистон» сазовори ҷойи аввал гардид
ДУШАНБЕ, 15.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло барои манзумаи «Офтобе аз сиришти халқ» дар бахши назми Озмуни ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бахшида ба 25-солагии баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) ва рӯзи Президент – “Иҷлосияи сарнавиштсоз” сазовори ҷойи аввал гардид. Ҳамчунин Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова барои достони «Хатлон» сазовори мақоми дуюм ва Шаҳрия Аҳтамзод барои манзумаи «Зиндагӣ бори дигар оғоз шуд» сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Тавре Камол Насрулло ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, озмун тӯли 3 моҳ дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” баргузор гашта, дар он шоирон, носирон, журналистон ва онҳое, ки дар мавриди ин санаи муҳим хотираву ёддошт доранд, ширкат варзиданд. Ба озмун қариб 100 асар пешниҳод гардида буд.
Озмун дар ду бахш- насру публитсистика ва назм баргузор гардида, дар бахши наср ва публитсистика ҷойи дуюм насиби профессор Усмонҷон Ғаффоров (барои мақолаи “Эмомалӣ Раҳмон чӣ тавр Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуду Раҳмон Набиев чӣ гуна истеъфо дод”) гардид ва ҷойи сеюм ба Эмомалӣ Назаров (барои мусоҳибаҳояш бо Ҳабибулло Табаров ва Абдулмаҷид Достиев) лоиқ дониста шуд. Умари Шерхон барои мақолааш дар бораи Адолат Раҳмонова ва суханрониҳои ӯ зимни Иҷлосия бо мукофотпулӣ сарфароз шуд.
Барои беҳтарин асар дар бахши наср ва публитсистика ва бахши назм ҷойҳои аввал 3000 сомонӣ, дуюм 2000 сомонӣ ва сеюм 1000 сомонӣ мукофотпулӣ муайян гардида буд.
Маросими супоридани ҷоизаҳо имрӯз баргузор шуд.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






