Хонандагони мактаб дар «Патриот», «Гугл» ва «AMG» ба бозиҳои беҳуда машғуланд- аз ҷониби волидони онҳо Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» иҷро намешавад
ДУШАНБЕ, 28.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Як гурўҳ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар марказҳои интернетӣ ва бозиҳои компютерии «Патриот», «Гугл» ва «AMG»-и дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт фаъолияткунанда ба бозиҳои компютерии дорои хусусияти зўроварӣ машғул буданд, дастгир ва ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи И.Сомонӣ дастрас карда шуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бо мақсади таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» зимни баргузории чорабинии мақсадноки пешгирикунанда аз ҷониби кормандони милитсия ҳолатҳои зиёди вайрон намудани талаботи ин қонун аз тарафи волидони ноболиғон ошкор гардид. Аз ҷумла, тавре аён гардид, ноболиғони зиёд рўзона бе назорат дар кўчаву хиёбонҳо гаштугузор намуда, аксаран ба корҳои зараровар, хусусан ба ҳар гуна бозиҳои компютерӣ, ки боиси ҷой гирифтани рафтору кирдорҳои бадахлоқона ба тафаккури насли наврас мегарданд, машғул мешаванд. Тавре маълум аст, дар бештари маврид маҳз беҳудагардиву дур аз назорати падару модар будани ноболиғон сабаби ба ҳар гуна роҳҳои хато рафтани онҳо мегардад.
Нисбат ба волидони он ноболиғону ҷавононе, ки зимни ин чорабинии мақсадноки пешгирикунанда боздошту ба шуъбаи милитсия дастрас гардиданд, мувофиқи талаботи қонунгузорӣ тадбирҳои муассир андешида шуданд.
Аз волидон хоҳиш карда мешавад, ки ҳама гуна рафтору ҳаракати фарзандони худро таҳти назорат қарор дода, нагузоранд ягон лаҳзаи ҳаёти онҳо сарфи корҳои беҳудаю зараровар шавад.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






