Ҳидоят Бишчевич, сардори Намояндагӣ ва Сафири Иттиҳоди Аврупо: «Тоҷикистон барои Аврупо кишвари хеле муҳим мебошад»

Ноябрь 1, 2017 10:58

ДУШАНБЕ, 01.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 1 ноябр ҳамчун Рӯзи таъсиси Иттиҳоди Аврупо таҷлил мегардад. Вобаста ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Ҳидоят Бишчевич — сардори Намояндагӣ ва Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон оид ба таърихи таъсиси Иттиҳоди Аврупо, ҳадаф ва вазифаҳои Намояндагии ИА дар Тоҷикистон, заминаҳои ҳуқуқӣ ва имкониятҳои воқеии тавсеаи робитаҳои сиёсиву иқтисодии мамлакат бо ин созмони байналмилалӣ суҳбат баргузор намуд.

АМИТ «Ховар»: 1 ноябри соли 1993 «Шартнома дар бораи Иттиҳоди Аврупо» расман мавриди амал қарор гирифта, барои таъсис додани иттиҳоди давлатҳои аврупоӣ заминаи воқеӣ ва ҳуқуқӣ гузошт. Фаъолияти Иттиҳоди Аврупоро дар давоми 24 сол ба таври мухтасар чӣ гуна метавон арзёбӣ кард?

Ҳидоят Бишчевич: Дар бораи фаъолияти Иттиҳоди Аврупо дар давоми 24 соли охир ба таври мухтасар гуфтан хеле душвор аст, вале кӯшиш мекунам ба ин саволатон ҷавоби пурра пешниҳод кунам. Тавре медонед, давоми чоряки охири асри гузашта ҷаҳон, аз ҷумла, қитъаи Аврупо таҳаввулоти бузургро аз сар гузаронид. Баъд аз эътибори ҳуқуқӣ гирифтани Созишномаи Маастрихт (7 феврали соли 1992) созмони  Иттиҳоди Аврупо ҳамчун як лоиҳаи сулҳсози бузург дар дунё пазируфта шуд. Дастовардҳои мо аз Созишномаи Маастрихт хеле бузург мебошанд: Аврупои муштарак, бозори ягона, аз байн бурдани сарҳадот, сиёсати амният ва бехатарии ягона. Имрӯз мебинем, ки рушди иқтисодӣ дар ин минтақаи сайёраи Замин ба тавре афзудааст, ки дар таърихи башарият набуд ва ҳоло иқтисодиёти Иттиҳоди Аврупо бузургтарин дар дунё мебошад. Ҳамчунин дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ низ хеле бузург мебошанд. Муддати тӯлонист, ки сокинони Аврупо дар фазои бидуни ҷанг зиндагӣ доранд. Арзишҳои инсонӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ба сатҳи баланд расида, имрӯз Иттиҳоди Аврупо ба як маркази ҷолиб дар ҷаҳон мубаддал гаштааст. Барои миллионҳо нафар сокинони ҷаҳон Иттиҳоди Аврупо маконе шудааст, ки дар он таззодҳои байни Шарқу Ғарб дигар вуҷуд надорад. Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳое, ки дар дигар минтақаҳо ҷойгиранд, чун марказест, ки дар он ҳифзи ҳуқуқи инсон ва зиндагии шоиста таъмин шудааст.

Баъд аз солҳои 90-ум эътилофҳои сиёсиву ҳарбӣ (блокҳо), ки дар Шарқу Ғарб вуҷуд доштанд, аз байн рафтанд, миллату халқиятҳо аз эътилофҳои гуногун озод шуданд. Иттиҳоди Аврупо вобаста ба ин сиёсати худро ба самти тавсеа бахшидан роҳандозӣ кард ва солҳои минбаъда даҳ кишвари навро ба узвият қабул кард. Ҳамзамон чандин мақоми институтсионалӣ дар мавриди идоракунии минтақа таъсис дода шуданд. Инчунин Иттиҳоди Аврупо сиёсати хориҷии худро нисбат ба ҳамсояҳо муайян намуд. Бо гузашти вақт ҳанӯз ҳам мушкилоти ҳалнашуда боқӣ монда, ҳалли баъзе масъалаҳо ба таъхир гузошта шудаанд. Инак, мо дар ҳамин марҳала қарор дорем, дар марҳалае, ки ҷаҳон дигаргун шудааст. Аз ҷумла, баъзе кишварҳо мавқеи худро дар ҷаҳон ҳамчун давлати абарқудрат нишон дода истодаанд, инчунин ҷаҳони исломӣ ҳоло аз таҳаввулоти хеле ҷиддӣ гузашта истодааст, бисёр минтақаҳо- Африқои Шимолӣ, Шарқи Наздик ва ғайраҳо дар оташи ҷанг қарор доранд.

Ба ҷойи тартиби ҷаҳонӣ ҷорӣ намудан мо ҳоло дида истодаем, ки вазъияти бесару сомонӣ ба вуҷуд омадааст. Ба истилоҳ, «ҷанги сард» давом ёфта истодааст. Баъзе бозингарон дар сиёсати ҷаҳонӣ нақши муҳим мебозанд ва онҳо мехоҳанд, ки Иттиҳоди Аврупо сиёсат, тартибот ва қоидаҳои амалии худро тағйир диҳад. Ин давлатҳои абарқудрат мехоҳанд, ки Иттиҳоди Аврупо ба низоъ ворид карда шавад. Аммо Иттиҳоди Аврупо наметавонад ки ин ҳолатро нодида гирад, зеро худи шиори Иттиҳоди Аврупо «Дигар ҷанг бас аст!» мебошад.

Мо мебинем, ки имрӯз дар натиҷаи ҳамин рақобат бисёр кишварҳо аз арзишҳои демократӣ дур шуда истодаанд. Инчунин мо мушоҳида мекунем, ки ҷаҳон ҳоло дар шароити бесуботӣ ва бетартибӣ қарор дорад. Мо метавонем вазъияти кунуниро чун шароити рақобати абарқудратҳо, ки мехоҳанд иродаи худро ба дигар давлатҳо нишон диҳанд, қабул кунем. Албатта, чунин шароит ба Иттиҳоди Аврупо таъсири калон мегузорад. Мебинем, ки имрӯз байни мардум тарсу ҳарос зиёдтар шудааст, мебинем, ки бисёр роҳбарон ва ҳизбҳо сиёсати популистиро пеш гирифтаанд. Масъалан, мебинем, ки баъзе минтақаҳо дар Испания, чун минтақаи Каталония мехоҳанд ҷудо шавад. Хулласи гап, бо вуҷуди дастовардҳои азим дар 25 соли охир ва расидан ба қуллаи сулҳу субот ва амният дар минтақаи Иттиҳоди Аврупо, мо ҳоло бо бисёр мушкилоти дорои ангезаи беруниву дохилӣ рӯ ба рӯ шудаем. Лекин бояд гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо ҳамеша аз ҳар гуна буҳронҳо бо сарбаландӣ берун шуда, мушкилотро ҳамчун моли таърих аз худ дур кардааст. Гарчанде мушкилоту нофаҳмиҳо ва омилҳои таҳрикдиҳанда дар минтақаи мо вуҷуд дошта бошанд ҳам, ҳоло ҳам Иттиҳоди Аврупо як маркази ҷалбкунандаи мардумони ҷаҳон мебошад.

 DSC_0824АМИТ «Ховар»: Заминаҳои ҳуқуқии ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо бо кадом санадҳо асоснок шудаанд  ва муносибатҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар кадом сатҳ қарор доранд?

Ҳидоят Бишчевич: Пеш аз ҳама, мо як ҳуҷҷати стратегӣ дорем бо номи «Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо», ки аз 1 январи соли 2010 мавриди амал қарор дорад.

Дар асоси ҳамин Созишнома Барномаи бисёрсолаи нишонагузор (индекативӣ) аз ҷониби мо таҳия ва қабул шудааст, ки мутобиқи он ба Тоҷикистон давоми солҳои 2014-2020 дар ҳаҷми 251 миллион евро маблағҳо ҷудо карда мешаванд. Ин маблағҳо ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва рушди деҳот равона карда мешаванд. Дар асоси ҳамин заминаи ҳуқуқӣ мо инчунин як сохторе дорем бо номи «Шӯрои ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар чорчӯбаи он ҳарду ҷониб соле як маротиба ҷиҳати гузаронидани муколама вомехӯранд. Он масъалаҳое, ки ба вуҷуд меоянд, зимни ин муколамаҳо ҳал гардида, масоили техникӣ ва тафсилотӣ дар Кумитаи ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Ғайр аз ин байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муколамаҳо яке оид ба амният ва дигаре оид ба ҳуқуқи инсон баргузор карда мешаванд.

Ба наздикӣ мо як сохтори иловагӣ ташкил додаем, ки он «Зеркумитаи ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном дорад. Вазифаи зеркумита аз он иборат аст, ки дар идораҳои марказии Иттиҳоди Аврупо оид мусоидат ва кумак кардан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Стратегияи нави миллии рушд барои давраи то соли 2030 масъалагузорӣ мекунад. Мо чунин мешуморем, ки «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» як воситаи муҳимест, ки рушди иқтисодӣ-иҷтимоии кишвари шуморо ба сатҳи воқеан ҳам баланд мебардорад.

АМИТ «Ховар»: Ҳадаф ва вазифаҳои Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз чӣ иборатанд? Оё ин ҳадафҳо аз ҳадафҳои намояндагиҳои ИА дар дигар кишварҳои минтақа фарқ мекунанд?

Ҳидоят Бишчевич: Албатта, Иттиҳоди Аврупо нисбат ба минтақаи Осиёи Марказӣ як стратегияи алоҳида дорад, ки ҳадафҳои он ба тамоми кишварҳои минтақа равона шудаанд. Ҳамзамон мо бо кишварҳои алоҳида ҳам кор карда, манфиатҳои ҳар  кадоми онро ба инобат мегирем. Вале дар замони муосир Тоҷикистон барои Аврупо хеле кишвари муҳим мебошад. Зеро мо медонем, ки Тоҷикистон бо мушкилот ва масъалаҳои зиёд рӯ ба рӯ аст. Рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар, таъмин ва нигоҳдошти амният ва суботи Тоҷикистон барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хеле муҳим мебошад. Ба ин хотир муколамаи кушод ва самимӣ дар масъалаи сиёсат хеле зарур аст. Ман хеле хушнудам, ки мо ба таври доимӣ бо Ҳукумати ҷумҳурӣ чунин муколама дорем. Мо хеле хурсандем, ки бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқотҳо дорем ва сафари Ҷаноби Олиро ба шаҳри Брюссел, ки соли гузашта сурат гирифт, ҳамчун намунаи беҳтарини ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо мепазирем. Инчунин мо мунтазам бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ суҳбату вохӯриҳо мегузаронем.

Албатта, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мо ин пешниҳоди кумак барои рушд мебошад. Мо хуб медонем, ки Тоҷикистон бо мушкилоти иқтисодӣ рӯ ба рӯ мебошад ва ин мерос аз замони гузашта боқӣ мондааст.

Мо ҷонибдори он ҳастем, ки Тоҷикистон ба сатҳи нави рушд барояд. Яке аз масъалаҳои рӯзмарра ин нигоҳ доштани сулҳу субот  аст. Баъзе вақт ҳар ду ҷониб як навъ мубоҳиса ҳам доранд дар мавзӯи таъмини сулҳу амният дар кишвар. Зеро стандартҳои Аврупо ва нигоҳи Аврупо ба ин масъала аз нигоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фарқ мекунад. Ҳамзамон мо шароити таърихии кишварро низ ба инобат мегирем, инчунин вазъи мураккаби кишвари хориҷии ҳамсояи Тоҷикистон низ аз ҷониби мо ба инобат гирифта мешавад. Яъне, наметавон аз омилҳои берунӣ чашм пӯшид.

Бо истифода аз маврид мехоҳам дар бораи рушди таърихии кишвар каме суҳбат кунам. Вақте мо дар масъалаи ҳуқуқи инсон гап мезанем, бояд мероси гузашта ва шароити таърихии кишварро ба назар гирем. Бинобар ҳамин, вақте мо оид ба масъалаи ҳуқуқи инсон суҳбат мекунем, фикру андешаҳои гуногунро пешниҳод мекунем, кӯшиш мекунем, ки бо ҷониби Тоҷикистон муколамаи кушоду самимӣ дошта бошем.

АМИТ «Ховар»: Равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон қонеъкунанда номид?

Ҳидоят Бишчевич: Бале, ман метавонам изҳор кунам, ки муносибатҳо байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатбахш мебошанд. Шахсан манн аз равобити ҷонибҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ хеле хушнудам. Бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди ҳамкорӣ ва муносибатҳо хеле пеш рафтаанд. Фикр мекунам, ки Ҳукумати Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро чун шарики боэътимод донистааст. Зеро Иттиҳоди Аврупо яке аз шариконе мебошад, ки воқеан ҳам рушди кишварро мехоҳад.

Мо медонем, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шарикони зиёд дорад. Лекин дар қатори ин шарикон Иттиҳоди Аврупо ягона шарике мебошад, ки талош дорад мактабҳои муосири замонавиро дар Тоҷикистон таъсис дода, соҳаи маорифро ба сатҳи нав барорад. Инчунин ИА дар ислоҳоти низоми нафақа иштирок карда, ба Тоҷикистон кумак мерасонад, ки ин соҳаро таҷдид кунад. Бояд зикр кунам, ки ба рушди соҳаи тандурустии кишвар низ мо таваҷҷуҳи хоса дорем. Тоҷикистон аз сеяки тамоми кумаки ба Осиёи Марказӣ нигаронидашуда бархурдор мебошад.

Мо эҳсос мекунем, ки ҷониби Тоҷикистон мехоҳад ҳамкориро бо Иттиҳоди Аврупо тавсеа диҳад. Аз ин лиҳоз, дар нимаи дуюми моҳи декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Брюссел ҷаласаи Кумитаи ҳамкорӣ баргузор хоҳем кард. Ҳамчунин баъд аз ду ҳафта ҷиҳати ба Ҳукумати мамлакат дар амалисозии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 кумак расонидан гурӯҳи мушовирон аз Брюссел ба Душанбе меоянд, ки, бешак, ин сафари мутахассисон дар амалӣ шудани Стратегияи  номбурда мусоидат хоҳад кард.

Ман пайваста таъкид мекунам, ки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи то соли 2030 ташаббус ва иқдоми шоистаи Пешвои миллат мебошад, ки дар он ҳамаи паҳлӯҳои рушди мамлакат пешбинӣ шудааст. Ин Стратегия як василаи муҳим ва беҳтарин барои тараққиёти минбаъдаи кишвар мебошад. Мебояд Стратегияи мазкур, ки аз ниятҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ба амалҳои мушаххас табдил дода шавад. Иттиҳоди Аврупо маҳз дар ҳамин самт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии бевоситаи худро хоҳад расонд. Зеро мо боварӣ дорем, ки амалисозии Стратегияи мазкур ба таври тадриҷӣ ва доимӣ ба манфиати мардуми Тоҷикистон равона шудааст. Татбиқ намудани Стратегияи миллии рушд ба пешрафту тараққиёти  кишвар такони ҷиддӣ мебахшад. Зеро мардум медонанд, ки чӣ бояд кард ва дар оянда кадом натиҷаҳоро интизор шуд. Вақте мардум донад, ки мақсади Стратегияи миллии рушд чист ва самти ҳаракат ба куҷост, ҳамин мақсад ва самти ҳаракатро тасдиқ ва дастгирӣ кунад, он вақт иҷрои ҳамаи тадбирҳо имконпазир мегардад.

АМИТ «Ховар»: Оё ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда барои рушду тақвияти бештари ҳамкорӣ истифода шудаанд? Оё имконияти ба роҳ мондани ҳамкории тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва бозорҳои Иттиҳоди Аврупо мавҷуд ҳаст ё не? Дар ин самт кадом чорабиниҳоро метавон амалӣ намуд?

Ҳидоят Бишчевич: Бояд зикр кунам, ки Иттиҳоди Аврупо дуюмин шарики тиҷоратии Тоҷикистон мебошад. Азбаски Тоҷикистон  аъзои Созмони умумиҷаҳонии савдо мебошад, аз низоми умумии имтиёзҳои тиҷоратӣ бо Иттиҳоди Аврупо бархурдор аст.

Дар ояндаи наздик мо фикр мекунем, ки дар истифодаи низоми ба истилоҳ имтиёзҳои тиҷоратӣ (GSP+), Тоҷикистон ба марҳалаи нави муносибатҳои тиҷоратӣ бо ИА ворид мешавад. Ба таври мухтасар агар гӯем, истифодаи низоми GSP+ (имтиёзҳои тиҷоратӣ) ба ширкатҳои содироткунандаи Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ба бозорҳои Иттиҳоди Аврупо маҳсулоти худро ирсол карда, аз пардохти андоз дар Иттиҳоди Аврупо озод бошанд. Дар ин масъала қарор аз ҷониби Парлумони Иттиҳоди Аврупо қабул карда мешавад. Албатта, ин қарор аз татбиқи бандҳои  Конвенсия оид ба амалисозии ҳуқуқи инсон вобастагӣ дорад. Яъне, мо дар ҳамин мисол метавонем нишон диҳем, ки чӣ тавр масъалаи ҳуқуқи инсон ба иқтисодиёт низ вобастагӣ дорад. Ба ибораи дигар, ҳимояи ҳуқуқи инсон дар кишвар ба манфиати иқтисодии кишвар мебошад.

АМИТ «Ховар»: Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун  узви фаъоли СММ оид ба мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла, истифодаи оқилона ва босамари захираҳои обиву энергетикӣ ташаббусҳои ҷиддӣ нишон медиҳад. Иттиҳоди Аврупо дар амалӣ шудани ташаббусҳои Тоҷикистон, аз ҷумла, амалӣ намудани Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028   кадом чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст?

Ҳидоят Бишчевич: Пеш аз ҳама, бояд таъкид кунам, ки Иттиҳоди Аврупо ташаббусҳои Тоҷикистонро дар Созмони Милали Муттаҳид пурра дастгирӣ мекунад. Хусусан дар бобати захираҳои об ва истифодаи оқилонаи он, зеро моҳияти ин масъаларо мо ба хубӣ дарк мекунем. Ҳамчунин мо хуб медонем, ки Тоҷикистон дорои иқтидорҳои бузург дар истифодаи неруи энергетикии об дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Мо медонем, ки равнақу ривоҷи неругоҳҳои барқи обӣ ба рушди иқтисодии кишвар таъсири мусбат хоҳад дошт. Зеро бе нуруи барқ наметавон ба рушди саноат муваффақ шуд. Неруи барқ набошад, ҷойҳои кории нав низ таъсис додан имкон надорад.

60 фоизи тамоми иқтидорҳои нерутавлидкунандаи минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ҷойгир шудаанд. Бинобар ҳамин рушди соҳаи энергетика барои тараққиёти иқтисоди кишвар аҳамияти   стратегӣ дорад. Тараққиёти соҳаи энергетика ҳамчунин як паҳлӯи неки дигарро низ бо худ дорад. Яке аз манфиатҳои рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон- ин содироти неруи барқ ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, ба кишвари Афғонистон буда, ҳамчунин ин сармоягузории бузург барои таъмини суботи устувор дар кишварҳои минтақа, аз ҷумла, Афғонистон мегардад.

Мо хоҳони он ҳастем, ки миёни кишварҳои минтақа дар масъалаи истифодаи захираҳои обӣ ҳамкории бештар сурат бигирад. Ҳамчунин мо хоҳони он ҳастем, ки дар кишварҳои минтақа ҳунари истифода намудан аз неруи шамол тавсеа дода шавад. Мо омода ҳастем, ки таҷрибаи худро дар самти истифода аз неруи шамол пешниҳод кунем.

АМИТ «Ховар»: Қабл аз омаданатон ба кишвари мо ба сифати сафири Иттиҳоди Аврупо, Тоҷикистонро чӣ гуна тасаввур мекардед ва ҳоло, агар махфӣ набошад, назари шахсии худро ба ояндаи Тоҷикистон ва равобит бо кишварҳои Аврупо изҳор мекардед.

Ҳидоят Бишчевич: Ман ба кишвари шумо се сол пеш омадам. Дар кишваре фаъолият мекардам, ки шароити хеле мураккаб ва вазнин ҷорӣ буд. Дар кишварҳое кор мекардам, ки он ҷо мушкилот ва ситезаҳои зиёд ҷой доштанд.

Шахсан ман зодаи кишваре мебошам ва аз кишваре омадам, ки он ҷо ҷанг ба амал омадааст. Албатта, ҷанги мо ҷанги шаҳрвандӣ набуд, вале он ҷанги ҳақиқӣ буд. Бинобар ҳамин чӣ будани таъсири ҷангро ба ҳаёти кишвар хуб медонам.

Хуб медонам, ки барои пушти сар кардани таъсири манфии ҷанг ва оқибатҳои он чӣ қадар заҳмат ва кӯшишҳо кардан лозим меояд. Ба даст овардани сулҳ ва таҷдиди иқтисодиёт иродаи қавӣ ва меҳнати сангини шабонарӯзӣ мехоҳад. Мавриди зикр аст, ки кишвари шумо дар ин самт хеле босуръат ҳаракат дорад. Аз анҷоми ҷанг 20 сол гузашт ва медонед, ки дар назди таърих 20 сол ба як лаҳза баробар аст. Вале дар ин «як лаҳза»-и таърихӣ  Тоҷикистон ба куллӣ дигаргун шудааст.

Ман таҷрибаи бойи зиндагӣ дорам ва зарур мешуморам таъкид кунам, ки ин гуна кишвареро, ки бо чунин мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ шуда буд,  надидам. Аз як тараф мушкилоти дохилӣ, аз тарафи дигар мушкилоту омилҳои таъсиррасони берунӣ хеле зиёд мавҷуд буданд.

Агар ба гузашта нигоҳ кунем, се марҳалаи тараққиёти кишвари шуморо дар 25 соли охир мушоҳида карда метавонем. Марҳалаи аввал- ин бевосита пас аз истиқлолият ба даст овардани кишвар мебошад. Дар ин марҳала ақидаву андешаҳои мухталиф оид ба самти ояндаи кишвар ба вуҷуд омаданд: саволҳо пайдо шуданд, ки мо чӣ мехоҳем, ба кадом самт меравем, оё мисли давлати шӯравӣ бо сохти коммунистӣ истиқомат мекунем ё ба сохти давлати исломӣ бармегардем? Яъне ҳар гуна мулоҳизаҳо пайдо шуда буданд, ки дар навбати худ ба бетартибӣ оварда расонданд. Барои муайян кардани самти рушди минбаъда тафоҳум ҳосил нагардид. Мутаассифона, ин марҳала ба ҷанги шаҳрвандӣ ва марҳалаи дуюм оварда расонид.

Ба андешаи ман, дар ин ҷанги шаҳрвандӣ ба заминаи лоиҳаҳое, ки дар солҳои охири шӯравӣ омода шуда буданд, таъсири манфӣ ва зарари калон расонида шуд. Ман на танҳо дар бораи инфрасохтор гап мезанам, балки дар бораи сармояи инсонӣ низ гуфтанӣ ҳастам, ки ба он таъсири манфӣ ва зарари калон расонида шуд, одамони соҳибмаълумот кишварро тарк карданд.

Ҳамзамон дар давраи баъдӣ шумораи аҳолӣ ду баробар зиёд гашт. Метавон гуфт, ки як мавҷи калони насли наврас пайдо гардид. 30 фоизи сокинони мамлакатро шахсони то бистсола ташкил медиҳанд. Яъне, ҳоло масъалаи чӣ тавр ҷавононро тарбия ва соҳибмаълумот кардан пеши рӯ омадааст. Баъд аз имзои Созишномаи сулҳ  ва ризоияти миллӣ, марҳилаи сеюм барқарор намудан ва таҷдиди иқтисоди мамлакат буд.

Бо сабаби тағйироти азими ҷаҳонӣ, пеши рӯ омадани мушкилоти иқтисодӣ ва амниятӣ, мо фикр мекунем, ки ҳоло Тоҷикистон ба марҳалаи чоруми рушди худ наздик шудааст. Яъне ба сатҳи нав бардоштани вазъи иқтисодиёт ва зиндагии мардум. Барои ҳамин мо Стратегияи нави рушди миллиро барои давраи то соли 2030 бо хушнудӣ истиқбол кардем.

Тамоми мушкилоту ситезаҳо аз беруни кишвар меоянд. Шумо шояд донед, ки ҳар гуна давлатҳои абарқудрат барномаҳои сиёсии худро дар кишвари шумо доранд. Ва дар чунин шароити омехтани омилҳои ҳам дохилӣ ва хориҷӣ он кӯшишҳое, ки мақомоти давлатӣ дар нигоҳдории сулҳу субот анҷом медиҳанд, хеле муҳим мебошанд. Албатта, ин саъю кӯшишҳои Ҳукумат ба таҳаввулоти иҷтимоӣ боис мегарданд.

Мамлакати шумо ояндаи худро муайян кардааст, ки ба кадом самт ҳаракат хоҳад дошт. Албатта, ман мефаҳмам, ки Тоҷикистон ҳаргиз чун Дания ва ё Белгия нахоҳад шуд. Мо медонем, ки халқи тоҷик мехоҳад анъанаҳо ва арзишҳои миллии худро нигаҳ дорад. Лекин мехостем, ки кишвари шумо инчунин баъзе аз арзишҳои аврупоиро низ зимни рушди кишвар ба инобат гирад. Ба андешаи ман, омехта шудани арзишҳои аврупоӣ ва анъанаҳои тоҷикӣ бояд дар якҷоягӣ ба рушди минбаъдаи кишвар мусоидат кунанд. Насли оянда имкон дошта бошад, ки ҳам бо ҷаҳони берунӣ зиндагӣ кунад, бо он  шиносоӣ дошта бошад, муомила кунад ва ҳам анъанаҳои миллии худро нигоҳ дошта, аз онҳо қадрдонӣ кунад.

АМИТ «Ховар»: Ташаккур барои суҳбати ошкоро ва самимӣ. Ба Шумо муваффақият мехоҳем!

Ҳидоят Бишчевич: Саломат бошед!

Суҳбати

 Акрам САНГЗОДА

Ноябрь 1, 2017 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин
«МАН БА МАРДУМИ ТОҶИК ҲАВАС МЕБАРАМ, КИ ДАР ЧУНИН ТАБИАТИ ЗЕБО УМР БА САР МЕБАРАНД…». Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои манзараҳои Тоҷикистон
ИҚДОМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ҶОМЕАИ ҶАҲОНРО БА ҲАМ ОВАРД! Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои дараи Ромит
ТОҶИКИСТОН — ШВЕЙТСАРИЯИ ДУЮМ. Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси оби Душанбе аз тамошои манзараҳои дилфиреби Варзоб, хусусан оби мусаффои дарёи Сиёма ангушти ҳайрат газиданд
ИЛМ АҲЛИ ЗИЁРО БА СӮИ ДАСТОВАРДҲОИ БЕНАЗИР РАҲНАМОӢ МЕНАМОЯД. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Намояндаи Ироқ Ҳотам Ҳусейн: «Шумораи зиёди электромобилҳо дар Душанбе аз тадбирҳои тоза нигоҳ доштани муҳити зист дарак медиҳад»
«ТОҶИКИСТОНРО ЧУН БИҲИШТИ РӮИ ЗАМИН ДАРЁФТЕМ». Бардошти меҳмонон пас аз шиносоӣ бо сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Сарвазири Ҷумҳурии Габон Раймон Сима ба захираҳои бузурги обии Тоҷикистон баҳои баланд дод
Меҳмон аз Буркино Фасои Африқо Диало Блами: «Орзуи бо дӯстонам дубора ба Тоҷикистон омаданро дорам»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Хабарнигор аз Африқо Омва Баблин: «Тоҷикистон дар раванди ҳалли мушкилоти обу иқлим саҳми арзанда гузоштааст»