Ифтитоҳи навбати дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶДММ “Суғд Пак” дар шаҳри Бӯстон
ДУШАНБЕ, 18.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд Пак” ташриф оварда, дар вазъияти тантанавӣ навбати дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилениро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сохтмони навбати дуюми корхона 5 августи соли 2015 оғоз гардида, дар рӯзҳои ташрифи Сарвари давлат ба вилояти Суғд ба итмом расид.
Барои бунёди корхонаи дуюм 15 миллион сомонӣ, аз ҷумла, 10 миллион сомонӣ барои хариди таҷҳизот сарф шудааст. Сармояи оинномавии корхона наздики 5 миллион доллари амрикоӣ мебошад. Коргоҳҳои якуму дуюм дар масоҳати 5,6 гектар бунёд шудаанд.
Иқтидори истеҳсолии коргоҳ 30 миллион дона халта дар як сол ва бо дарназардошти ба кор андохтани ҳамаи иқтидорҳо 60 миллион дона халта дар як сол мебошад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз соли таъсис то 8 моҳи соли 2017 — 12,8 миллион донаро ташкил намуд. Халтаҳо барои бор кардани орду семент истеҳсол карда мешаванд.
Дар коргоҳи мазкур 200 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки моҳи октябри соли 2013 корхонаи аввали Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд Пак” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз карда буд. Ҳамон вақт соҳибкорони ватанӣ ба Сарвари давлат ваъда дода буданд, ки бо васеъ кардани корхона боз даҳҳо ҷойи корӣ таъсис дода, барои истеҳсоли молҳои воридотивазкунандаи босифат тадбирҳо меандешанд.
Дар корхонаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд Пак” 71 адад дастгоҳҳои бофандагӣ, 8 адад дастгоҳи рангубор ва халтадӯзӣ, ҳамагӣ 79 адад дастгоҳи истеҳсоли Чин ва мамлакатҳои Тайвану Олмон насб карда шудаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки танҳо дар 8 моҳи соли 2017 корхона 1, 5 миллион сомонӣ андоз супоридааст, ки барои ғанӣ гардидани буҷаи шаҳри Бӯстон саҳми арзанда мебошад.
Дар ҳамин ҷо роҳбарияти корхона дар назди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон уҳдадор шуданд, ки баъди як сол дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд чунин як корхонаи нави истеҳсоли халтаҳоро бунёд менамоянд. Маҳсулоти истеҳсолкардаи корхона пурра ба содирот нигаронида мешавад.
Баъди шиносоии пурра бо шароити кор ва сифати маҳсулоти истеҳсолгардида Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон барои обод кардани як гӯшаи диёр, саҳми муносиб дар раванди саноатикунонии кишвар баҳои арзанда доданд. Дастур дода шуд, ки чун маҳсулоти корхона ба кишварҳои хориҷ, аз ҷумла, ба Қазоқистон, Русия, Украина, Беларус ва дигар кишварҳо содирот мегардад, ба сифати он аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд






