ИМРӮЗ – РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН: Ҷозибаи он моро ба сӯи худ кашида, баландияш вомедорад, то сари худро баланд бардорем!

Ноябрь 24, 2017 08:36

ДУШАНБЕ, 24.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нияти боздид аз Боғи Парчами миллӣ маро ба даромадгоҳи он овард.  Боғи Парчам аз ҷониби хиёбони Исмоили Сомонӣ, аз пиёдарави шафати Осорхонаи миллӣ, дар майдони бузурге, ки бо Қасри Миллат ва он сӯтар бо Нишони давлатии Тоҷикистон мепайвандад, дар ин ҳамвории кушоду зебо, дар зери осмони нилгуни кишвар доман густурдааст. Тавассути зинапояҳои муназзаме, ки аз шафати роҳи пиёдарав ба боло, ба дарвозаи Боғи Парчами миллӣ боло мебарорад, қадам мезанам ва як эҳсоси мутантан маро фаро мегирад, шояд  ин аз дидори Боғи мӯҳташаму нозанине бошад, ки дар он чандин муқаддасоти Ватани азизи ман: Қасри миллат, Нишони давлатӣ ва Парчами муқаддаси Тоҷикистон сарафарозӣ мекунанд.  Ин эҳсосот дар ман як ифтихор,  меҳри ватандӯстӣ, муҳаббати Тоҷикистони  азизро бармеангезад. Воқеан боиси ифтихор аст, ки дар як муддати кӯтоҳ чунин гӯшаи биҳиштосои сабзу хуррам, ки имрӯз маҳзари ишқу муҳаббати ватанпарастон аст, аз муҳаббати мардум ва Пешвои миллат бунёд гардид. Мисли ин ки дар ин боғ на ин гиёҳу гулҳо, на ин дарахтони зебо, на ин муҷассамаҳои рамзиву гӯшаҳои хуррам, балки  ишқу муҳаббати Ватан шукуфону сарсабз гардидаву дар табассуму хандаи гулҳои ин боғ ҷавонони хушолеъи мо шодрӯҳу хандонанд, дар қомати ҳар дарахт қомати устувори ҷавонӣ ва бовару эътимоду эътиқод сабзидааст.

Боғи Парчам аз вурудгоҳ то ҳама паҳно, то ҳама гӯшаҳои он бо завқи баланд, ҳунармандона, бо камоли зебоишиносиву зебоипарастӣ бунёд ёфтааст. Ҳузури Осорхонаи миллӣ дар даромадгоҳи Боғи Парчам низ ба ин манзара шукӯҳи хосса мебахшад ва мантиқан бамаврид аст. Осорхонаи миллии мо ҳам таҷассуми  пирӯзиҳо ва яке аз падидаҳои арзишманди Тоҷикистони соҳибистиқлол аст ва чун дигар иншооти бузурги фарҳангии солҳои охир маҳсули сиёсати фарҳангдӯстонаи  Пешвои миллатамон аст. Аммо суҳбати мо имрӯз дар хусуси Боғи Парчами миллист.

Дар телевизиони Тоҷикистон наворҳое ҳастанд, ки Боғи Парчамро аз боло, аз осмон ба навор гирифтаанд ва дар ин наворҳо шукӯҳу шаҳомат ва зебоии ин боғ бештар, паҳновар  ва ба якборагӣ намоён буда, бинандаро мафтун месозанд. Хусусан ин наворҳо дар шабҳои чароғон таҷассуми дурахши бахту иқболи  миллати баозодирасидаи моянд. Гумон мекунед, ки ин як гӯшаи биҳишт аст. Бале, шояд гӯшаи биҳишт аст ва он, хушбахтона, дар Тоҷикистони азизи мост.

Воқеан боғи Парчами миллӣ он қадар хуҷастагиҳову зебоиҳои дилпазире дорад, ки имрӯзҳо яке аз мавзеъҳои писандидаву дӯстдоштаи мардуми мо, хусусан ҷавонону наврасон ва модарону кӯдакон аст. Банда тани танҳо субҳи барвақт дар ин боғ сайру гашт доштам, вақте ки боғ тиҳӣ аз мардум ва шӯру ғавғо буд. Ба дигарон ҳам тавсия медиҳам, ки агар мехоҳед шукӯҳи ин боғро бештар эҳсос кунед, соате  танҳо бо ону дар он бошед. Агар мехоҳед хастагии худро рафъ кунед, агар мехоҳед, рӯҳатон ором гираду чашмонатон нурбор гардад, агар мехоҳед завқи худро болида гардонед ва аслан истироҳати рӯҳонӣ кунед, биёед ба ин боғ ва танҳои танҳо бо худ, бо андешаҳову мушоҳидаҳову завқи зебопарастии худ дар он қадам занед.

Боғ хеле бузургу паҳновар аст, сайру гашти он вақти на ками шуморо мегирад, аммо боке нест, зеро шумо аз ин ҷо саршори меҳру муҳаббати Ватан, саршори эҳсосоти неку дилпазир, бо рӯҳи баланд ва неруи тоза аз таассурот ва бардоштҳои дилпазиру рангоранг берун меоед.

Дар боғи Парчам хуҷастагиҳои зиёд шуморо интизоранд. Ҳузури Осорхонаи миллӣ ва боздид аз он бар ин хуҷастагиҳо зам мешавад. Аз оғоз аз даромадгоҳи боғ чашми шумо ба  саворае меафтад, ки муҷассамаи  Яъқуби Саффорист — тоҷики сарфарозе, ки савори асп таҷассум ёфтааст (ваф. Соли 879).  Ӯ асосгузори давлати Саффориён дар Хуросон буд.  Бояд гуфт, дар боғи Парчам муҷассамаи онҳое гузошта шудааст, ки насабу миллаташон тоҷик аст. Баъдан дар боғ шумо пайи ҳам чунин муҷассамаҳоеро, ки шахсиятҳои шоистаи таърихи миллати моро  муаррифӣ мекунанд, вомехӯред: Султон Ғиёсиддини Ғурӣ-амири империяи бузурги Ғуриён (с. 1203), ки дар тасарруфи худ Хуросони бузург, Ҳиндустони шимолӣ ва марказиро доштааст; Шоҳ Хушнавоз-асосгузори давлати ориёии Ҳайтолиён, ки дар асри панҷ дар Осиёи марказӣ ва Хуросони бузург ҳукм рондааст: Абӯмуслим-қаҳрамони халқи тоҷик,  лашкаркаши бузурге, ки  бар зидди сулолаи уммавиён ҷангидаасту эҳёгари суннатҳои аҷдодӣ дар хилофати ислом будааст; муҷассамаи Маҳмуди Торобӣ (вафоташ с. 1242), сарвари шӯриши Бухоро бар зидди истилогарони муғул қомат афрохтааст. Дар Боғи Парчам ҳамчунин шумо бо муҷассамаи Шоҳ Виштосп (асри 7-и пеш аз милод), подшоҳи сулолаи Каёниён, аввалин давлати ориёии Бохтари қадим, ки марказаш Балх ва пушту паноҳи Зардушт буд, рӯбарӯ меоед. Муҷассамаи шоҳаншоҳ Канӯшак (ари 2 пеш аз милод)- шоҳаншоҳи империяи ориёии Кӯшониён, ки дар тасарруфи худ Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Ҳиндустонро доштааст ва аз бунёдгузорони тамаддуни ориёист, низ ба  ҳусни боғи Парчам ҳусн афзудааст. Дар боғи Парчам, албатта, муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ, устод Рӯдакӣ ва Шайхулраис Абӯалӣ ибни Сино низ мақоми хосса доранд. Дар радифи ин муҷассамаҳо тандиси Симурғ дар мобайни боғ ҳам аз ҷиҳати мавқеъ ва ҳам аз ҷиҳати  маврид  созгор омада, рамзи барҷаставу  олии ватандории миллати мост.

Яке аз хуҷастагиҳои боғи Парчам боз дар он аст, ки ин боғ маҳзари беҳтарин гулҳову дарахтони дунёст. Дар ин ҷо бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Пешвои миллат мо бо намунаҳои нодиртарини гулу гиёҳ, нахлу дарахтон, ки аз тамоми гӯшаҳои дунё бевосита худи Сарвари давлати тоҷикон овардааст, вомехӯрем. Воқеан боғи Парчами миллӣ ва ин маҷмаа дар якҷоягӣ бо Қасри миллату боғу гулзори шафати он ва Нишони давлатӣ намунаи беназир ва дилписанди боғҳои ҷаҳон аст, ки бо завқи хосса нишондаву парвариш дода шудааст. Пешвои миллати мо ба ҷуз он ки Тоҷикистонро аз вартаи фалокат наҷот бахшидааст, сокинони онро ба ваҳдати миллӣ расонидааст, дар чанд соли охир кишвари моро ба гулистону боғистон табдил додааст. Танҳо дар пойтахти Ватан бунёди боғи Ирам, боғи Рӯдакӣ, боғи Пойтахт, даҳҳо боғҳои кӯчаку бузурги дигар ва ахиран боғи ба номи устод Айнӣ гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Агар боғу гулгаштҳои беҳудуди дигарро дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон ба ин зам кунем, воқеан метавонем Тоҷикистони сарсабзу хуррам ва гулафшонро пеши назар орем.

Дар боғи Парчами миллӣ завқи шумо, рӯҳи шумо аз тамоми ин ҳама шукуфоиву сарсабзиҳо ва муҳити фарҳангпарвар ва хуҷастагиҳои зиёди дигар неруи тоза меёбаду болида мегардад. Яке аз хуҷастагиҳои дигари табиати мо накҳату шаббода ва таровати обҳои зулол низ дар боғи парчами миллӣ аз ёд нарафтааст. Кӯли паҳновари оби мусаффо ва фаввораҳои зулол дар ин боғ ба чашм нур бахшида, дилу рӯҳи касро тоза мегардонад. Дар кӯли паҳновари боғ ҷавонони ошиқ дар заврақҳо дӯстона шино мекунанду пирон бо як нигоҳ ба покии оби зулол аз таровати он ғами пириро аз дил мезудоянд. Ва дар фуромад ба ҷониби Наврӯзгоҳи  пойтахт обшоре мусаффо ва зебо ба ин манзараи биҳиштӣ шукӯҳи тоза мебахшад. Дар ҳар маврид завқи баланд ва ҳунари созандагони ин боғ мушоҳида мегардад.

Бояд гуфт, ки бунёди ин боғ ва ин маҷмаа бе иштироки завқи баланди Сарвари кишвари мо нест. Пешвои табиатдӯсти мо, ки  дар оғози шурӯъ кардан ба кори сарварии худ, ҳанӯз дар он рӯзгори вазнин, ки мардум дар ғами нону ғами ҷон буданд,  онҳоро ба сарсабзу гулзоркунии кишвар, ниҳолшинонӣ даъват кардаву худ аз аввалинҳо ин иқдомро амалӣ намуда буданд. Дар он замони бисёр вазнини ноумедиҳо рӯ овардан ба сарсабзиву ниҳолшинониву гулкорӣ, агар аввалан аз завқи зебопарастӣ дарак медод, баъдан ин иқдом аз он ҷиҳат оқилона буд, ки рӯ овардан ба шукуфоиву сарсабзӣ ва ободӣ ба мардум ҳам умед ва ҳам неруи рӯҳониву бовар бахшида, завқашонро мепарварад.  Ин аст, ки Пешвои  миллат боғи Парчами миллӣ ва дигар боғҳои пойтахт ва кишварро  худ тарҳрезӣ кардаву бо дастони худ гул коштаву нахлу ниҳолҳо шинонидаанд. Боғи Парчам таҷассуми зебои табиати Тоҷикистони биҳиштосост. То ҷойе, ки ҳатто ҳузури сангҳои кӯҳистони диёр дар ин ҷо фаромӯш нашудааст ва аз намунаҳои сангҳои диёр дар боғ ва хусусан дар шаршараву фаввораҳои шафати он хеле бамавриду зебо истифода шудааст.

Рӯзона ва хусусан бегоҳ боғи Парчами миллӣ ҳамеша серодам аст. Дар ин ҷо ҷуфт-ҷуфту гурӯҳ-гурӯҳ ҷавонон, мардону занон бо хонаводаи худ меоянд ва хусусан модарону кӯдаконро дар сайру саёҳат ва фароғат ҳамеша дидан мумкин аст. Боғи мазкур на фақат ҷойи сайру саёҳати сокинони пойтахт аст, бисёре аз меҳмонони хориҷӣ низ сайру саёҳати ин боғро дӯст медоранд. Ба ин боғ аз ноҳияҳои атрофи пойтахт ва аслан аз тамоми гӯшаҳои кишвар марду зан  ба тамошо меоянд. Ман ба худ андешидам, ки оё ҷозибаи ин боғ фақат дар шаҳомату зебоии он аст? Мо ки боғҳои зиёди дигаре ҳам дорем, аммо чаро мардум бештар ба ин ҷо меоянд- ба боғи Парчам? Ва банда дарк кардам, ки ин ҷозибаи Парчами миллии мост. Парчаме, ки рамзи пирӯзӣ, рамзи сарбаландӣ, рамзи ифтихор аз озодиву истиқлолият ва ваҳдати халқамон аст. Миллате, ки аз аввалин парчамдорони дунё будааст ва нахустин Парчами худро ҳазорон сол пеш чун парчами адлу дод баланд афрошта, ҳамеша муқаддас доштааст, имрӯз дар замони пирӯзии истиқлолияти худ даҳчанд бештар ба он арҷгузорӣ мекунад. Ҷозибаи ин Парчами миллист, ки хурду бузургро ба ин ҷо мехонад, дар онҳо эҳсоси ифтихори миллӣ ва муҳаббату садоқат ба Ватанро бармеангезад.

Мо, тоҷикони  соҳибистиқлол метавонем дар хусуси парчамдории гузаштагони худ бо ифтихору  сарбаландӣ сухан гӯем. Зеро ҷои чунин ифтихор ҳаст. Аввал ин ки Парчами нахустини мо бо номи адолату ҳақиқат боло шуда, дуюм ин ки ин Парчам аз байни мардум, аз издиҳоми халқ баромадааст ва пешбанди чармини Коваи оҳангар будааст, ки баъдан ба парчами давлатдории шоҳони каёнӣ ва дигар сулолаҳои давлатдории мо табдил ёфтааст. Мавриди ҷолиби дигар ин аст, ки матои Парчами миллии мо дар он замонҳои мозӣ аз пӯсти шер ё паланг, яъне тавонотарин ҳайвонот сохта мешудааст, ки ин ҳам рамзи хосса дошта, гувоҳи арҷгузории баланди гузашагони мо ба  Парчами хеш аст. Яъне ин Парчам бояд ҳам қавӣ бошад ва ҳам рамзи қудрат ва тавоноӣ.

Бамаврид аст иқтибосе аз сарчашмаҳои маъруф орем. “Масъудӣ дар китоби худ “Муруҷ-уз-заҳаб ва маъодин ал- ҷавоҳир” ин дирафшро аз пӯсти паланг медонад ва дарозиашро дувоздаҳ ва паҳнояшро ҳашт арш зикр кардааст. Агар ҳар аршро, ки фосилаи байни ангуштони даст то бандгоҳи оринҷ аст, 60 сантиметр ба ҳисоб орем, пас Дирафши Коваёнӣ ҳудуди панҷ метр паҳно ва ҳафт метр дарозӣ доштааст.( Аз мақолаи Ҳамза Камол “Нахустин рамзи давлатдории тоҷикон- Дирафши Ковиёнӣ”)

Дирафши Коваёнӣ дар давлатдории тоҷикон ҳамеша мояи ифтихор ва пирӯзиҳо будааст. Имрӯз мову шумо бо арҷгузорӣ ба Истиқлолияти Ватан, Ваҳдати миллӣ ва Пешвои муаззами худ сарфароз аз онем, ки анъанаи гузашагони худро пос медорем ва Парчами миллии мо ҳам аз ҷиҳати  ҳаҷму ҳам аз ҷиҳати масоҳат яке аз парчамҳои бузурги дунёст ва мо дар ин маврид содиқ ба суннатҳои гузаштагони мӯътабари хешем.

Сарвари кишвари мо, Ҳукумати Тоҷикистон, фарзандони шарифу шоиставу ҷоннисори он тавонистанд миллати моро дар зери ин Парчами муқаддаси  миллӣ ҷамъ оранд. Ҷозибаи Парчами миллӣ моро пайваста ба сӯи худ мекашад, баландии он моро вомедорад, то сари худро баланд бардорем. Ва то даме, ки ин Парчам дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол парфишон аст, миллати мо ҳамеша дар зери он тифоқу сарҷамъ ва бо баландтарин эҳсосӣ ватандорӣ  бо ҳам хоҳад буд.

 

Камол НАСРУЛЛО,

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи

Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ,

АМИТ “Ховар”

Ноябрь 24, 2017 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба таъсири омилҳои экологӣ ба тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Гумрукчиёни тоҷик дар Суғд беш аз 500 ҳазор дона маводи тарфгариро ошкор намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар пойтахт Лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ. Бахшида ба он дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баррасӣ шуданд
Масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуданд