Ивета Григуле: «Иттиҳоди Аврупо Тоҷикистонро шарики боэътимоди худ дониста, омода аст аз мавқеи он ҳимоят намояд»
ДУШАНБЕ, 02.11.2017/АМИТ «Ховар»/. Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи шашуми Шӯрои ҳамкории парлумони Тоҷикистону Иттиҳоду Аврупо, ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, Иттиҳоди Аврупоро муҳимтарин шарики байналмилалӣ барои Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки нақши Иттиҳоди Аврупо дар имзои истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа, ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди бахшҳои иқтисоду иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зисти кишварамон калон аст.
Ивета Григуле, раиси ҳайати парлумони Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе доир гардидани ҷаласаи шашуми Шӯрои ҳамкории парлумони Тоҷикистону Итиҳоди Аврупоро қадами муассир дар таҳкими ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо маънидод кард. Вакили парлумони Аврупо аз сатҳи пешрафт ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаҳои гуногун ибрози назар карда, гуфт: «Мо шоҳиди пешрафтҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар солҳои охир гардидаем ва умедворем, ки ин раванд дар оянда ҳам тақвият хоҳад ёфт». Вакили парлумони Аврупо таъкид кард, ки Иттиҳоди Аврупо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз шарикони муҳим ва боэътимоди худ медонад ва омода аст дар тамоми заминаҳо аз мавқеи он ҳимоят намояд.
Дар ҷаласаи шашуми Шӯрои ҳамкории Парлумони Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо тавсеаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва Парлумони он, вазъи сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ, фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва ҷалби сармояи кишварҳои аврупоӣ ба Тоҷикистон матраҳ гардиданд. Иштирокдорони ҷаласа ҳамзамон масъалаҳои мубориза бо хатару чолишҳои замони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухадир, авзои сиёсии ҷаҳон ва минтақа, хусусан ваъи сиёсии Афғонистон, инчунин масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои аграрӣ, энергетика, фарҳанг, туризм, илму маориф, рушди демократия, озодии сухан ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.
Дар анҷоми ҷаласаи шашуми Шӯрои ҳамкории парлумонии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо эъломияи муштарак қабул гарид.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






