«Корномаи Садриддин Айнӣ дар таърихи миллат камназир аст», «9 намуди варзиш манъ шуд» — шарҳи матбуот

Ноябрь 9, 2017 16:47

ДУШАНБЕ, 09.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи навбатии нашрияи «Ҷумҳурият» (06.11.2017,№227) бо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рубрикаи «Сухани рӯз» пешкаши хонандагон гардидааст: «Конститутсияи мо хусусияти миллӣ дорад, зеро он бо иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардида, дар ин ҳуҷҷати муҳим суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи халқи фарҳангсолори тоҷик инъикос ёфтаанд».

Дар нашрия мақолаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ба муносибати солгарди қабул гардидани Конститутсияи мамлакат бо сарлавҳаи «Конститутсия-ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ»  дарҷ гардидааст, ки дар он омадааст: «Бо вуҷуди он ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти печидаи низои мусаллаҳонаи дохилӣ таҳия ва қабул шуд, аз ҷониби доираҳои ҳуқуқии сатҳи байналмилалӣ мазмун ва муқаррароти он сазовори баҳои баланд гардид».

«Ҷумҳурият» ҳамчунин аз мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Ш.Зуҳуров бо ҳайати Парлумони Аврупо таҳти раёсати Иветта Григуле Петерс, иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Тошканд, мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Н.Зоҳидӣ бо ҳайати Япония таҳти роҳбарии муовини Президенти Бунёди Япония Ҳироко Мияҷима хабарҳои муфассал нашр кардааст.

Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» (09.11.2017,№131) Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи Конститутсия ва матни суханронии Пешвои миллатро дар маросими баъди навсозӣ ба истифода супоридани Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ бо сарлавҳаи «Корномаи Садриддин Айнӣ дар таърихи миллат камназир аст» чоп кардааст. Сарвари давлат дар Паёми худ зикр карданд, ки «6 ноябри соли 1994, дар давраи ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ, дар замоне ки ҳанӯз оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад, аз ҷониби мардуми тамаддунсози мо бо дарки масъулияти бузург тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосии давлат – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Бисту се соли амали Конститутсия собит сохт, ки халқи тамаддунсозу фарҳангӣ ва ободгари мо он замон тавонист санаде қабул намояд, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин менамояд».

Воқеан ҳам дар ин санади сарнавиштсоз бори нахуст ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузор, судӣ ва иҷроия таҷзия гардида, эътибори олӣ доштани меъёрҳои Конститутсия ва амали мустақими онҳо кафолат дода шуд, дар асоси он Парламенти касбии доимоамалкунанда таъсис ёфт, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият эълон гардид.

Пешвои миллат зимни суханронӣ дар маросими баъди навсозӣ ба истифода супоридани Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ оид ба корномаҳои Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ чунин гуфтанд: «Корномаи беназири устод дар таърихи миллати мо камназир буда, тамоми умри бобаракати ӯ барои ҳифзи ҳувияти тоҷикон ва ба сифати миллати қадимӣ эътироф гардидани онҳо сарф шудааст. Дар ин хусус худи устод дар мақолааш бо номи «Тақдири як халқ» навишта буд: «Дар давоми умри худ ман китобҳои зиёде навиштаам, ки ҳамаи онҳо ба як мавзӯъ бахшида шуда, аз як мавод фароҳам омадаанд. Ҳамаи ин китобҳо – дар бораи тоҷикон ва Тоҷикистон, дар бораи кишвари кӯҳистони ман, дар бораи хоки муқаддас, дар бораи фарзандони ин сарзамин мебошанд, ки дар қарни ҳафт ба худ номи «тоҷик»-ро гирифт».

Нашрия ҳамчунин аз ҷараёни ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон иттилоъ додааст, ки дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои гуногун, аз ҷумла, «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи милитсия», «Дар бораи суғуртаи тиббӣ» шарҳу тавзеҳ дода шуда, бо қарорҳои алоҳида барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуданд. Дар саҳифаи дуюми нашрияи «Садои мардум» матни Қарори ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» дар 9 моҳи соли 2017» ва тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ дар ин мавзӯъ ба вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Палатаи ҳисоб ва мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешкаши хонандагон шудааст.

Нашрияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷавонони Тоҷикистон» (09.11.2017, №45) бо сарлавҳаи «9 намуди варзиш манъ шуд» мақола чоп кардааст. Ризо Назарзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мавзӯъ чунин изҳор кард: «Таъкид менамоям, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ, дар татбиқи сиёсати давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш вобаста ба тасмими таҳияи лоиҳаи фармоиш «Дар бораи тасдиқи намудҳои варзише, ки дар муассисаҳои варзишӣ оид ба онҳо ташкил намудани гурӯҳҳо манъ мебошанд», маълум менамояд, ки санади мазкур фаъолияти ин намудҳоро дар қаламрави кишвар пурра манъ намекунад, зеро он танҳо ба муассисаҳои варзишии давлатие, ки аз буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ мегарданд, нигаронида шудааст».

Тавре аз мақолаи мазкур бармеояд, лоиҳаи фармоиш «Дар бораи тасдиқи намудҳои варзише, ки дар муассисаҳои варзишӣ оид ба онҳо ташкил намудани гурӯҳҳо манъ мебошанд» пас аз баррасӣ ва шунидани фикру мулоҳизаҳои мутахассисону варзишгарон имзо шудааст, ки тибқи он   ташкили гурӯҳҳо аз рӯи 9 намуди варзиш: бокси касбӣ, греплинг, зӯрозмоиҳои универсалӣ, К-1, муҳорибаҳои омехта (ММА, UFC, MIXFIGHT), муҳорибаи ҷанги дастӣ, муқовимати кулл ва касбии ҷанги дастӣ, ню-фулл контакт ва панкратион дар муассисаҳои варзишии давлатӣ манъ шуд».

Нашрияи марказии ҲХДТ «Минбари халқ» (08.11.2017,№45) аз сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ва сафари вакилони Парлумони Аврупо ба Тоҷикистон, маросими ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи С.Айнӣ баъди навсозӣ, ба истифода супорида шудани бинои нави Раёсати кофтукови ҷиноятӣ, ба кормандони Прокуратураи ҷумҳурӣ додани хонаи истиқоматӣ гузоришҳои муфассал чоп карда, мақолаи З.Раҳмонзодаро бо номи «Ифротгароӣ – гирдоби хатарзои ҷаҳони муосир» ва мусоҳибаи Ҳ.Ализодаро бо Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳо ба муносибати 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо сарлавҳаи «Иҷлосияи XVI – заминаи сиёсии давлатсозии навини миллӣ» пешкаши хонандагон намудааст.

 

Ноябрь 9, 2017 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Гумрукчиёни тоҷик дар Суғд беш аз 500 ҳазор дона маводи тарфгариро ошкор намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар пойтахт Лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ. Бахшида ба он дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баррасӣ шуданд
Масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуданд
Пойгоҳҳои базавии мустақил — барои корхонаю фабрикаҳо
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад